Анҷей Вайда
лаҳӣ: Andrzej Wajda | |
| |
Таърихи таваллуд: | 6 март 1926[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 9 октябр 2016[4][2][3][…] (90 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | коргардони филм, коргардони театр, филмноманавис, таҳиякунандаи филм, коргардони телевизиюнӣ, сиёсатмадор, коргардон, рассом |
Корнома: | 1950 — 2016 |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0906667 |
wajda.pl(англ.)(лаҳс.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
А́нҷей Витолд Ва́йда (лаҳӣ: Andrzej Witold Wajda; 6 март 1926[1][2][3][…], Suwałki[d], Białystok Voivodeship[d][1][5][6] — 9 октябр 2016[4][2][3][…], Варшава[7]) — коргардони театру синамо, филмноманависи лаҳистонӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Академияи санъати тасвирии Краков (1949) ва Мактаби олии кинои Лодзи (1954). Дар соҳаи коргардонӣ аввалин кораш «Насл» (1954) мебошад, ки ба пинҳонкории зиддифашистии Ҷавонон дар давраи истило бахшида шудааст. В. дар филмҳои «Канал» (1957), «Хокистар ва алмос» (1958) ба тақдири насле рӯй меорад, ки вазифаи таърихӣ — эҳёи Полшаро ба дӯши худ гирифтаанд. Дар филмҳои "Лётна " (1959), «Самсон»(1961), "Манзара баъди муҳориба " (1970), «Муҳаббат дар Олмон» (1983), «Корчак» (1990), «Ангуштарини уқобдор дар тоҷ» (1992), «Ҳафтаи пурҷӯшухурӯш» (1995), «Ҳукмномаи Франческу Колос» (2000) ва спектакли «Суҳбатҳо бо ҷаллод» (1977) мусибати фоҷиабори халқро дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-45) инъикос намудааст. Филмҳои аз рӯйи асарҳои эпикии адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ банаворгирифтаи В., аз ҷумла «Хокистар» (аз рӯйи асари С. Жеромский, 1965), «Тӯй» (аз рӯйи асари С. Виспянский, 1972), «Макони орзу» (аз рӯйи асари В. Раймонт, 1974), «Пан Тадеуш» (аз рӯйи асари Митскевич, 1999), «Қасос» (аз рӯйи асари А. Фредро, 2002) ва ғ. дар таърихи кинои Полша мавқеи муҳим доранд. В. дар асоси шоҳасарҳои адабиёти рус низ филмҳои ҷолиб ба навор гирифтааст: «Хонуми уезди Макбет» (аз рӯйи асари Н. С. Лесков, 1961), филми телевизионии «Пилат ва дигарон» (аз рӯйи романи М. А. Булгаков «Мастер ва Маргарита», 1971), «Аҷина» (аз рӯйи романи ҳамноми Ф. М. Достоевский, 1987), «Настася» (аз рӯйи романи Достоевский «Ноқисулақл», 1994). Дар филмҳои «Тамоми чиз барои фурӯш» (1968), «Бе наркоз» (1978), «Дирижёр» (1979) ҳаёти фоҷиабори шахсияти эҷодкор дар ҳолати мавҷуд набудани озодӣ нишон дода шудааст. Солҳои 1978-82 роҳбари Иттиҳоди кинематографистони Полша, 1989-91 сенатор, 1992-94 раиси Шӯрои фарҳанги назди Президенти Полша буд. Аз соли 1959 дар театр фаъолият дорад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Асосан аз эҷодиёти классикони ҷаҳонӣ ва миллӣ асарҳо ба саҳна мегузорад. Чандин бор ба эҷодиёти В. Шекспир («Ҳамлет», 1960, 1981, 1989; «Ромео ва Ҷулйетта», 1990; «Макбет», 1969, 2005), А. Стриндберг («Фрёкен Жюли» 1988; «Ҳамоне, ки зӯртар», 1991; «Сонатаи шабаҳҳо», 1994), Виспянский («Тӯй», 1963, 1991; «Шаби ноябр», 1974, 1978; «Лаънат», 1997), Софокл («Антигона», 1984) рӯй оварда, дар давлатҳои гуногун инсенировкаи романҳои Достоевский «Аҷина» (1971,1974, 2004), «Ноқисулақл» (спектакли «Настася Филипповна», 1977, 1989), «Ҷиноят ва ҷазо» (1984, 1986)-ро ба саҳна гузоштааст. Намоиши «Парвандаи Дантон» (1975) аз рӯи асари С. Пшибишевский муваффақияти бузургро ноил гашт ва дар театрҳои Булғория (1978), Итолиё (1982) такроран намоиш дода шуд. Соли 1982 дар Фаронса бо иштироки ҳунарпешагони фаронсавӣ ва полшагӣ филми «Дантон» наворбардорӣ гардид. В. дар театрҳои Булғория, Олмон, Итолиё, ИМА, Швейсария, Ҷопон, Русия кор кардааст. Корҳои В. дар фестивалҳои умумиҷаҳонӣ оид ба кино сазовори ҷоизаҳо гардидаанд. Соли 2000 барои саҳмаш дар санъати ҷаҳонии кино сазовори ҷоизаи «Оскар» шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Вайда Анджей // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 filmportal.de — 2005.
- ↑ 4.0 4.1 Polish film director Andrzej Wajda dies
- ↑ 5.0 5.1 http://www.debate.org/reference/andrzej-wajda
- ↑ 6.0 6.1 http://www.theyshootpictures.com/wajdaandrzej.htm
- ↑ 7.0 7.1 Andrzej Wajda, Celebrated Polish Director, Dies at 90
- ↑ https://encyklopedia.pwn.pl/haslo/Wajda-Andrzej;3993445.html
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вайда Анҷей // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 6 март
- Зодагони соли 1926
- Даргузаштагони 9 октябр
- Даргузаштагони соли 2016
- Даргузаштагони Лаҳистон
- Дорандагони ордени Дӯстӣ (Русия)
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Барандагони ҷоизаи Оскар
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи