Анҷибарак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анҷибарак
Табақабандии илмӣ
ХАТО: параметри latin пур нашудааст.
Номи байнулмилалии илмӣ
ОГОҲӢ ДАР БОРАИ ХАТО
Параметри latin пур нашудааст

Анҷибарак (Polugonum nitans) — гиёҳест бисёрсолаи худрӯй.

Аз 25 то 95 см қад мекашад. Пояаш рост, баргаш дарозрӯя ё нештаршакл. Гулаш гулобии сафедтоб, хӯшагулаш байзашакл. Мевааш чормағзаки сеқирра, суфта, ҷилодор, дорчинӣ. Июн — сентябр гул карда тухм мебандад. Анҷибарак дар алафзор, арчазор, тӯсзор, марғзорҳо мерӯяд. Дар қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва мавзеъҳои Тоҷикистони Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ паҳн шудааст. Дар тибби халқӣ хока ва ҷӯшоби решаи анҷибаракро барои муолиҷаи табларза ва исҳол истифода мебаранд, онро ба омосу пучак мебанданд, ҳангоми захми меъда, дарди санги гурда ва масона истеъмол мекунанд. Барои рафъи дарди санги талхадон ва масона 20 г решаи резакардаи анҷибаракро дар 1 л об 20 дақиқа ҷӯшонда, бо дока меполоянд ва дар як шаборӯз якистаконӣ менӯшанд. Ғайр аз ин, аз анҷибарак ва тухми зағир (аз ҳар кадом 5 г ва дар як истакон об) ҷӯшоб тайёр карда, ҳангоми хуншории узвҳои дарун, захми меъда ва рӯдаҳо баъди ҳар 2 соат якчумчагӣ истеъмол мекунанд. Бо мақсади табобати луобпардаи ҷавфи даҳон 10 — 20 г решаи анҷибаракро дар як истакон об ҷӯшонда, бо он даҳонро мечайқонанд. Онро барои рафъи исҳол рӯзе 2 маротиба 1/4 — истаконӣ нӯшидан низ мумкин.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]