Анҷумани Рӯдакӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Анҷумани Рӯдакӣмуассисаи адабӣ ва илмию фарҳангӣ дар Париж (Фаронса).

Таъсис[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1993 бо ибтикори як идда аз аҳли фарҳанги форсизабон таъсис ёфтааст. Густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ миёни кишварҳои форсизабон, таҳкими робитаҳои ховаршиносони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон бо ҳампешагони аврупоӣ, таҳия ва нашри китобу рисолаҳо оид ба забон, адабиёт ва фарҳанги форсизабонҳо дар Европа, мусоидат ба сафарҳои олимони тоҷик ба давлатҳои Европа ва олимони аврупоӣ ба Тоҷикистон, ҷалби назари тоҷикдӯстони саросари ҷаҳон барои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон аҳдофи асосии Анҷумани Рӯдакӣ мебошанд. Анҷумани Рӯдакӣ бо АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, созмони «Пайванд», ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, Ҷамъияти дӯстдорони фарҳанги бостон, Бунёди тибби Сино, Бунёди Борбад робита ва ҳамкории зич дорад. Бо талоши Анҷумани Рӯдакӣ дар Париж китобҳои «Пажуҳиш дар фарҳанги бостон ва шинохти Авасто» (дар се ҷилд, 1998—2000) «Шоирзанони Афғонистон» (2000), «Ҳофиз» (2006) ва ғайра ба табъ расидаанд. Анҷумани Рӯдакӣ сохтмони биноҳои «Фарҳангистони ориёӣ» дар шаҳри Истаравшан, Озмоишгоҳи ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, Дармонгоҳи бахши ҷарроҳии қалб дар шаҳри Душанбе ва ғайраро маблағгузорӣ кардааст. Аъзои фаъоли Анҷумани Рӯдакӣ раиси Коллеҷи байналмилалӣ дар Мадрид, намояндаи «Пайванд» дар Испания Манучеҳри Фарҳангӣ, шоири маъруфи эронӣ ва намояндаи «Пайванд» дар Амрико Масъуди Сипанд, ҳуқуқшиноси байналмилалӣ ва яке аз бунёдгузорони Анҷумани Рӯдакӣ дар Париж доктор Обтин Сосонфар, устоди донишгоҳи Люзан, ҷарроҳи машҳури қалб аз Швейсария профессор Ҳусайн Содиқӣ дар таблиғи фарҳанги мардуми тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар мамолики хеш хидмати босазое анҷом додаанд. Анҷумани Рӯдакӣ бо ҳамкории анҷумани «Пайванд» намояндагиҳои ин созмонро дар кишварҳои Испания, Голландия, Фаронса, Англия, Германия, Белгия, ИМА, Канада ташкил кардааст. Анҷумани Рӯдакӣ доир ба шинохт ва эҳтироми миллати тоҷик дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Шветсия, Фаронса, Германия, Голландия ва ғайра конференсияҳои байналмилалӣ доир намудааст. Раиси Анҷумани Рӯдакӣ Масъуди Миршоҳӣ мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]