Анҷуманорои Носирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Анҷуманорои Носирӣ» — фарҳанги тафсирии форсӣ-тоҷикӣ аз Ризоқулихони Ҳидоят.

Таълифаш соли 1870 анҷом ёфтааст. Дар «Анҷуманорои Носирӣ» зиёда аз 16 ҳазор калимаю ибора ба тартиби алифбои арабии форсии тоҷикӣ ҷой гирифтаанд. Муаллиф шакли калимаҳоро бо зикри ҳаракати ҳарф (бо мақсади дуруст хонда шудани калима) ва калимаҳои ҳамвазн таъйин карда, маънои онҳоро гоҳ мухтасару гоҳ муфассал, бо нишон додани муродифу тазодҳояшон шарҳ медиҳад. Барои тасдиқи маънои калимаҳо аз эҷодиёти шоирони маъруфи адабиёти классикии форс-тоҷик байтҳо ва ё пораҳои шеърӣ овардааст.

Ҳар фасли фарҳанг «Анҷуман» ва бобҳои дохилиаш «Намоиш» ном гирифтаанд. «Анҷуманорои Носирӣ» дорои муқаддимаи муфассал иборат аз 12 қисм аст, ки муаллиф онҳоро «Ороиш» номидааст. Дар ороиши аввал вожаҳои муарраб ва мувалада ва мутафарриқа, дар ороиши дуюм баъзе вожаҳои форсӣ ва арабӣ ва табдилоти онҳо ва ғ. шарҳу тавзеҳ карда шудаанд. Дар маҷмӯъ муқаддимаи «Анҷуманорои Носирӣ» ба ҳукми рисолаест оид ба вожашиносӣ ва сарфу наҳви забони форсии тоҷикӣ. Дар хотимаи муқаддима таркибу ибораҳо, кинояҳо ва истиораҳои форсии тоҷикӣ мувофиқи алифбо ба фаслҳо («Пероиш») ҷудо гардида, андешаҳои мураттиб бо шоҳидҳо аз абёту пораҳои шеъри шоирон тақвият ёфтаанд. Мас.: оби оташранг, оби оташзой; оби оташнамой; оби оташсо; оби арғавонӣ; оби шингарфӣ — киноя аз майи лаълфом ва киноя аз ашки хунин.

Ризоқулихони Ҳидоят дар тадвини «Анҷуманорои Носирӣ» аз фарҳангҳои зиёди пеш аз худаш мураттабгардида истифода бурдааст. Яке аз маъхазҳое, ки ӯ ном мебарад, "Луғати «Шоҳнома»-и Муҳаммади Тусии Алавист, ки 300 сол қабл аз замони ӯ таълиф шуда буд. «Анҷуманорои Носирӣ» с. 1288 ҳ. қ. (1872 м.) дар Теҳрон ба табъ расидааст. Муаллифони баъдина — Муҳаммад Подшоҳ («Фарҳанги Онандроҷ»), Деҳхудо («Луғатнома»), Муҳаммад Муин (дар тадвину ба чоп омода кардани «Бурҳони қотеъ») аз «Анҷуманорои Носирӣ» истифода бурдаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]