Анҷумӣ, Мирзо Боқии Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анҷумӣ, Мирзо Боқии Бухороӣ

Анҷумӣ Мирзо Боқии Бухороӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (нимаи дуюми садаи XVI).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифони тазкираҳои дар садаи XVI таълифшуда (Мутрибӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ ва дигарон) Анҷумиро чун шахси фозилу донишманд, дорои қобилияту истеъдоди худодод тавсиф намудаанд. Дар ҷавонӣ мулозими яке аз ҳокимони сулолаи Шайбониён буд. Баъдан ба Ҳиндустон сафар кард ва ба хидмати писари шоҳ Акбар (ҳукмронӣ 1556—1605) дохил шуд.

Аз Анҷуми дар тазкираҳои номбурда ва баёзҳо ғазалҳо, қасидаҳо, рубоиҳо, қитъаҳо сабт гардидаанд. Аз осори боқимондааш бармеояд, ки вай дар мавзӯъҳои ишқ, ҳасби ҳол, панду насиҳат ва ғайра ба сабки шоирони гузаштаи форс-тоҷик шеърҳо эҷод кардааст. Абёти зерин намунае аз ашъори ӯст:

То дили Фарҳодро Ширин барад аз дилбарӣ,
Гашта қуллоби муҳаббат нохуни кабки дарӣ.
Пеши сарви хеш хоҳам гарданатро баста бурд,
Фохта, аз пастии шамшод то кай мепарӣ?
Гар кашӣ сад сурат, эй Монӣ, намемонад ба пар,
Ман надонам чист мақсудат аз ин суратгарӣ.
Гар ба сар ҷо дода сархайли парирӯён шудӣ,
Метавон гуфт, эй парипайкар, туро рашки парӣ.
Пояи назмат чу гуфтори Низомӣ шуд баланд,
Анҷумӣ, мегӯ сухан з-ин пас ба тарзи Анварӣ.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Каримов У., Адабиёти тоҷик дар асри XVI, Д., 1985.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]