Макао

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аомин)
Ноҳия
Аомин
Аомэн
Парчам Нишон[d]
Парчам Нишон[d]
Кишвар Хитой
Роҳбар Ho Iat Seng[d][1]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 20 декабр 1999 ва 1557
Масоҳат 17,5 км км²
Баландии марказ 22 м
Минтақаи замонӣ Macau Standard Time[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ 560200 тан (2009)
Зичӣ 30 ҳазор нафар тан/км²
Забони расмӣ Хитоӣ
gov.mo(чинӣ)
gov.mo/en/(англ.)
gov.mo/pt/(порт.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аомин, Аомэн (Аоmеn), Макаоноҳияи маъмурии махсуси Хитой, ки ба ҳукумати марказии ҶХХ тобеъ аст.

Ҷуғрофиё[вироиш | вироиши манбаъ]

Харитаи Макао

Дар соҳили Баҳри Ҷануби Хитой, дар назди резишгоҳи дарёи Чжусзян воқеъ гаштааст. Аомин нимҷазира Аомин, ҷазираҳои Тайпа, Колоане ва якчанд ҷазираи хурдро дар бар мегирад. Масоҳаташ 17,5 км2, якҷоя бо минтақаҳои обшустааш – 21 км2. Маркази маъмуриаш – шаҳри Аомин (Макао) (аҳолиаш 223 ҳазор нафар). Аҳолии ноҳия 560200 нафар (2009), 95% хитойиҳо, 3% португалиягиҳо ва 2% намояндагони миллатҳои дигар. Дар Аомин зичии аҳолӣ аз ҳама бештар дар ҷаҳон – 30 ҳазор нафар дар 1 км2 аст, дарозумрии миёна низ – 81,4 сол – мардҳо, 87,5 сол – занҳо. Воҳиди пулӣ – патака. Аҳолӣ бо лаҳҷаи кантони забони хитойӣ гуфтугӯ мекунад, забони португалиявӣ ҳам роиҷ аст. Дину мазҳабҳо – католикӣ, даосизм ва буддоия. Бандари баҳрӣ ва аэропорти байналхалқӣ дорад.

Сохти давлатӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аоминро Шӯрои иҷроияи мамлакат таҳти роҳбарии сарвари ҳокимияти иҷроия идора мекунад. Сарвар баъди интихоб шудан аз тарафи ҳукумати марказии ҶХХ (ба муҳлати 5 сол) расман тасдиқ мегардад. Ҳайати ҳукумати Аомин аз котиб, 4 узви Шӯрои қонунбарор, 4 намояндаи доираҳои расмӣ, 1 намояндаи иттифоқҳои касаба таркиб меёбад. Мақоми қонунбарор – Шӯро ё Маҷлиси қонунбарор, ки ба муҳлати 4 сол дар ҳайати 27 нафар интихоб мешавад. Қонунҳои дар Аомин қабулгардидаро Комитети доимии Конгресси миллии ҶХХ дида мебарояд ва агар онҳо хилофи Конститутсияи мамлакат набошанд, тасдиқ мекунад. Ҳизбҳо дар Аомин расман вуҷуд надоранд, вале анҷуманҳо ва гурӯҳҳои ҳимоягари манфиатҳои аҳолӣ – масалан Анҷумани мусоидат ба иқтисод, Иттифоқи Макао, Шӯрои мусоидат ба пешравӣ ва ғайра фаъолият мекунанд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Бозёфтҳои қадимтарин дар ҳудуди Аомин ба ҳазорсолаи 4 – 2 то м. мансубанд. Дар аҳди сулолаи Син (221 – 206 то м.) Аомин тобеи музофоти Гуандун буд. Соли 1277 наздики 50 ҳазор аҳли дарбор ва пайравони сулолаи Сун аз таъқиби муғулҳо гурехта ин ҷо паноҳ бурданд ва муқимӣ шуданд. Дере нагузашта он ба маркази тиҷорат табдил ёфт. Дар замони ҳукмронии сулолаи Мин (1368 – 1644) аз музофотҳои Гуандун ва Футсян моҳидорону муздурони дигар ба Аомин кӯчиданд. Соли 1553 ба нимҷазира португалиягиҳо бо киштиҳо расида, соли 1555 Аоминро барои ташкили тиҷорат аз Хитой иҷора гирифтанд (бо шарти соҳибихтиёрии Хитой ба нимҷазираи Аомин). Аммо дертар Португалия Аоминро (Макао ном гузошта) мустамликаи худ эълон кард. Соли 1887 ӯ протоколеро бар дӯши Хитой бор кард, ки мувофиқи он Португалия ҳуқуқи абадан ҳукмрони Аомин шуданро соҳиб мегашт. Соли 1928 ҳукумати Хитой оид ба бекор карда шудани ин протокол изҳорот қабул кард, аммо Португалия онро напазируфт. Ҳангоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Аоминро Япония ишғол кард, вале баъди мағлуб шуданаш нимҷазираро ба Португалия баргардонд. Минбаъд Аоминро губернатори Португалия (бо Шӯрои қонунбарори худ) идора мекард. Баъди Инқилоби апрелии соли 1974 Ҳукумати Португалия қонун дар бораи эътирофи ҳуқуқу озодиҳо ва худмуайянкунии халқҳои мустамликаашро қабул кард. Баъди барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни ҶХХ ва Португалия (1979) оид ба мақоми Макао як қатор гуфтушунидҳо гузаронда шуданд. Мувофиқи изҳороти ҶХХ ва Португалия (13 апрел 1987) ҳудуди Макао (бо нигоҳдошти мустақилият) расман ба тобеияти Хитой гузашт ва ба муддати панҷоҳ сол (аз 20 декабр 1999) ноҳияи маъмурии махсуси ҶХХ таъйин шуд.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Маркази Макао

Аомин маркази бузурги молиявӣ аст. Иқтисодаш бештар хусусияти содиротӣ дошта, таҷҳизоти радиоэлектронӣ, оптикӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чармгарӣ, хӯрокворӣ, бозичаҳо, гулҳои сунъӣ ва ғайра истеҳсол мекунад.

Илму фарҳанг[вироиш | вироиши манбаъ]

Муассисаҳои илмӣ, инчунин Институти маданияти Макао, Институти шарқшиносии Португалия, музейҳо, театрҳо дорад. Калисои ҷомеи Павели Муқаддас (1602) рамзи шаҳр аст. Аоминро «хонаи бозиҳои қимории Осиё» меноманд. 48%-и даромади буҷети шаҳр аз ҳисоби ҳамин соҳа буда, он ҳар сол зиёда аз 10 млн сайёҳро ба худ ҷалб менамояд.

Аз соли 1960 дар Макао мунтазам рӯзи дониши Ҷумҳурии Мардуми Хитой ро ҷашн мегиранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]