Аплит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Аплит (юнонӣ haploos – одӣ) — ҷинси магмавии равшанранг.

Сохташ донадор, асосан аз зарраҳои хурди кварс, шпатҳои даштии ишқорӣ, баъзан плагиоклазҳо иборат аст. Пайдоиши аплит бо ҷинсҳои қаъри замин – гранит, диорит, сменит ва габбро алоқаманд буда, онро вобаста ба таркибаш гранит-аплит, диорит-аплит, сиенит-аплит ва ғайра меноманд. Аплит дар кулолгарӣ истифода мешавад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]