Арабҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
عَرَب (‘arab)
Кулли ҷамъият
тақр. 450 000 000 (2011)[1]
Минтақаҳо бо ҷамъияти қобили таваҷҷуҳ
Иттиҳодияи кишварҳои араб   430,000,000[2][3]
Ҷомеаи арабҳои дур аз ватани қобили таваҷҷуҳ
 Бразилия 12,000,000[4]
 Фаронса 6,000,000[5]
 Индонезия 5,000,000[6]
 Туркия 5,000,000[7][8][9][10]
 ИМА 3,500,000[11]
 Аргентина 1,300,000–3,500,000[12]
 Исроил (native) 1,700,000[13]
 Венесуэла 1,600,000[14]
 Колумбия 1,500,000[15]
 Эрон 1,500,000[16]
 Чад 1,493,410[17]
 Мексика 1,100,000[18]
 Олмон 1,000,000+[19][20]
 Чили 700,000[21]
 Итолиё 680,000[22]
 Подшоҳии Муттаҳида 366,769[23]
 Канада 380,620 (2011 Census)[24]
 Нидерланд 180,000[25]
 Австралия 350,000[26]
 Ҳондурас 150,000–200,000[27]
Забонҳо
Арабӣ
Дин

Таърихӣ: Устурашиносии араб
(Hubal · al-Lāt · Al-‘Uzzá · Manāt · Other Goddesses)
Асосан: Ислом
(Суннӣ · Шиъа · Тасаввуф · Ибозия · Алавия · Дарзия · Исмоилия · Мусулмонони бемазҳаб)
Аққалияит: Масеҳият
(Калисои ортодоксии шарқӣ · Калисои морунӣ)
Smaller minority: Other monotheistic religions

(Баҳоия · Sabianism · Бобия · Mandaeism)
Гурӯҳҳои қавмии марбут
Дигарҳо Гӯишварони забони афруосиёӣ

a Arab ethnicity should not be confused with non-Arabic-speaking ethnicities that are also native to the Arab world.
b Not all Arabs are Muslims and not all Muslims are Arabs. An Arab can follow any religion or irreligion.
c Arabs account for around 20% of all Muslims worldwide.[29]
d Arab identity is defined independently of religious identity.

Арабҳо́ (ар. عرب‎) — гурӯҳи халқҳои[30][31][32] қадимаи сомӣ.

Густариш[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолии асосии Алҷазоир, Баҳрайн, Миср, Ҷануби Саҳрои Кабир, Урдун, Ироқ, Яман, Қатар, Кувайт, Лубнон, Либиё, Мавритания, Марокаш, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Уммон, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Сурия, Судон, Тунис (Ифриқия). Гурӯҳи алоҳидаи арабҳо дар мамлакатҳои Осиё (Афғонистон, Изроил, Индонезия, Эрон, Туркия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон), Европаи Ғарбӣ, Америкаи Шимолию Ҷанубӣ, Африка ва Австралия зиндагӣ доранд. Хаташон ба асоси алифбои арабӣ шакл гирифтааст. Шумораи умумии аҳолии арабҳо дар ибтидои садаи XXI бештар аз 200 млн нафар буда (ба ҳисоби маъхазҳои дигар беш аз 300 млн), аз ин дар Осиё 70 млн нафар, Африка 125, 2 млн нафар, Ҷануби Европа 2,5 млн нафар ва Америкаи Шимолию Ҷанубӣ 1,2 млн нафар зиндагӣ мекунанд.

Дин[вироиш | вироиши манбаъ]

Аксари эътиқодмандони мусулмон суннимазҳабанд. Ҳамчунин ҷамоатҳои насронӣ – қибтиён дар Миср, православҳо дар Лубнон, Сурия, Урдун сукунат доранд. Ҳоло эътиқодмандони дину ойинҳои қадимӣ низ мавҷуданд. Аҷдоди арабҳо аҳолии нимҷазираи Арабистон будааст.

Гурӯҳи арабҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутобиқи принсипҳои маданӣ-хоҷагидорӣ арабҳо муқимӣ, ниммуқимӣ, кӯчманчӣ ва нимкӯчӣ мешаванд. Дар водиҳо кишоварзон – фаллоҳон ба киштукор машғуланд; ғалладонагиҳо, нахли хурмо, қаҳва ва дигар зироатҳои хӯрока мепарваранд. Аксари арабҳои кӯчӣ (бадавиҳои шутуркаш) ва нимкӯчманчиянд (шавиён – гӯсфандбонҳо). Дар миёнаҳои садаи XX иқтисодиёти бадавиён касод шуд ва бархе аз чорводорон ба саноат рӯ оварданд. Минбаъд дар аксари мамолики араб шаҳрсозӣ авҷ гирифта, истеҳсолоти саноатӣ рӯ ба тараққӣ мениҳад; истихроҷи нефту дигар канданиҳои фоиданок афзун мешавад. Моликияти оилавии хусусии бадавиён чорво, чарогоҳҳои ҷамоатӣ – қабилавӣ ва манбаъҳои оби ин минтақа аст. Асоси ташаккули авлодӣ – қабилавӣ гурӯҳи оилавӣ – хешутаборист, ки ба ҷамоати аз обои ягонаи падарӣ пайдошуда мансуб аст. Якчанд ҳамин навъи гурӯҳҳо қабилаеро бо сарварии шайх ташкил медиҳанд. Муносибатҳои ҷамъиятӣ тибқи қонунҳои муқаррарӣ ва шариат танзим мешаванд.

Фарҳанг[вироиш | вироиши манбаъ]

Либоси занони араб, асрҳои IV—VI.
Либоси мардони араб, асрҳои IV—VI.

Мутобиқи шариат мардон серзананд ва ин ҳолат маъмулан хоси оилаҳои сарватманд аст. Сарварии оила ба уҳдаи марди бузургсол ё соҳибэътибори хонадон вогузор аст. Бадавиҳо дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд ва хаймаи калонтарин моли шайхҳои ҷамоат аст, ки дар пешгоҳ ҷойгир мешавад. Хонаҳои деҳқонон – фаллоҳон чоркунҷаи синҷии сутундор буда, бомашон ҳамвор аст. Вобаста ба маҳал масолеҳи сохтмонӣ аз хишти хом, хишти пухта, похса ва санг иборат мебошад. Чунин хонаҳо ҳуҷраҳои пеш – барои мардҳо ва ҳуҷраҳои дарун барои занонро доранд.

Арабҳои Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳудуди Тоҷикистон арабҳо дар якчанд деҳаи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон, ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд ва баъзе навоҳии дигар зиндагӣ доранд, ки аз зумраи қабилаи суриягӣ мебошанд. Онҳо забону урфу одати худро аз даст дода ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ такаллум мекунанд ва тарзи зиндагии комили тоҷикона доранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Margaret Kleffner Nydell Understanding Arabs: A Guide For Modern Times, Intercultural Press, 2005, ISBN 1931930252, page xxiii, 14
  2. total population 450 million, CIA Factbook estimates an Arab population of 450 million, see article text.
  3. World Arabic Language Day | United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization. www.unesco.org.
  4. Arabs Love Brazil. They Are 7% of the Country.. Brazzil. 18 июни 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 сентябри 2010.
  5. By. French-Arabs battle stereotypes – Entertainment News, French Cinema, Media. Variety (29 январи 2008). 22 августи 2010 санҷида шуд.
  6. Hadramaut dan Para Kapiten Arab (20 August 2009).
  7. Kaya, Ibrahim The Iraqi Refugee Crisis and Turkey: a Legal Outlook. cadmus.eui.eu (2009). 11 май 2017 санҷида шуд.
  8. The Impact of Syrian Refugees on Turkey. www.washingtoninstitute.org.
  9. Turkey's demographic challenge. www.aljazeera.com.
  10. UNHCR Syria Regional Refugee Response/ Turkey. UNHCR (31 December 2015). 11 май 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2018.
  11. The Arab American Institute. Aaiusa.org. 17 сентябри 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 июни 2006.
  12. Inmigración sirio-libanesa en Argentina (20 June 2010). 23 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 июни 2010.
  13. http://www.cbs.gov.il/www/hodaot2013n/11_13_097e.pdf
  14. Abdel el-Zabayar: From Parliament to the Frontlines. The Daily Beast (15 September 2013).
  15. Las mil y una historias (Spanish). semana.com (2004).There is an estimated population of 1,500,000 Arabs in Colombia.
  16. Iran. 3 августи 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 феврали 2012.
  17. Chad. 3 августи 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 апрели 2013.
  18. Ben Cahoon. World Statesmen.org. World Statesmen.org. 17 сентябри 2011 санҷида шуд.
  19. Mediendienst Integration. Syrische Flüchtlinge. 8 июни 2016 санҷида шуд.
  20. Men of Arab descent not finding Germany as welcoming as they used to. Public Radio International.
  21. (Spanish) En Chile viven unas 700.000 personas de origen árabe y de ellas 500.000 son descendientes de emigrantes palestinos que llegaron a comienzos del siglo pasado y que constituyen la comunidad de ese origen más grande fuera del mundo árabe.
  22. Cittadini stranieri in Italia – 2016. tuttitalia.it.
  23. REPORT ON THE 2011 CENSUS – MAY 2013 – Arabs and Arab League Population in the UK. National Association of British Arabs. 25 апрели 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 май 2014.
  24. Statistics Canada. 2011 National Household Survey: Data tables. 11 феврали 2014 санҷида шуд.
  25. "Dutch media perceived as much more biased than Arabic media – Media & Citizenship Report conducted by University of Utrecht" (PDF), Utrecht University, 10 September 2010, archived from the original (PDF) on 2019-02-28, retrieved 29 November 2010 
  26. Monash University Research Repository. 24 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 июли 2011.
  27. Larry Luxner. The Arabs of Honduras. Saudi Aramco World (2001). 11 феврали 2016 санҷида шуд.
  28. Serge D. Elie, "Hadiboh: From Peripheral Village to Emerging City" Бойгонӣ шудааст 9 май 2008  сол., Chroniques Yéménites: "In the middle, were the Arabs who originated from different parts of the mainland (e.g., prominent Mahrî tribes10, and individuals from Hadramawt, and Aden)". Footnote 10: "Their neighbors in the West scarcely regarded them as Arabs, though they themselves consider they are of the pure stock of Himyar."
  29. Ba-Yunus, Ilyas; Kone, Kassim (2006). Muslims in the United States. Greenwood Publishing Group. p. 172. ISBN 0-313-32825-0. 
  30. Арабы — Толковый словарь Ожегова. С. И. Ожегов, Н. Ю. Шведова. 1949—1992.
  31. Арабы — статья из Большой Советской Энциклопедии — М.: Советская энциклопедия. 1969—1978.
  32. Энциклопедия «Народы мира». — ОЛМ А. — М, 2007. — С. 52. — 640 с. — ISBN 978-5-373-01057-3.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гуго Винклер, Карл Нибур, Генрих Шурц, История человечество, С.-Пб., 1909;
  • Беляев Е. А., Арабы, ислам и арабский халифат, М., 1966;
  • Марков Г. Е., Кочевники Азии: структура хозяйства и общественные организации, М., 1976.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Арабы // Энциклопедия «Кругосвет».
  • Арабы. Etnolog.ru. 17 феврали 2014 санҷида шуд.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]