Арбоб (деҳа, н. Ғафуров)
| Деҳа | |
Арбоб | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Суғд |
| Ноҳия | Ғафуров |
| Ҷамоат | Деҳоти Унҷӣ |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 1456 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3442 |
Арбоб — деҳа, маркази ҷамоати деҳоти Унҷӣи ноҳияи Ғафуров. Аз Арбоб то маркази ҷамоат аз 1 км камтар, то маркази ноҳия — шаҳраки Ғафуров 10 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1456 нафар (2017), тоҷикон.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа баъди сохта ба истифода дода шудани маҷмааи «Қасри Арбоб»-и колхози «Москва» (1952—1967, раисаш С. Ӯрунхоҷаев) ин номро гирифта, аввал дар он 7 — 8 оила зиндагӣ мекард, минбаъд васеъ шуд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа гимназия, бунгоҳи тиббӣ, 2 нуқтаи савдои хусусӣ ва чойхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ. Заминҳо аз д. Сир ба воситаи насосҳо (лӯлаҳои обкаш) обёрӣ мешаванд. Дар маҷмааи «Арбоб» Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид (16 — 30 ноябри 1992). Аз соли 2010 он КВД «Кохи фарҳанг» ном гирифта, мансуби Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбоб // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2