Арманистони Сосонӣ
| Арманистони Сосонӣ | ||||
| ||||
|---|---|---|---|---|
| Пойтахт | Двин[d] | |||
| Майдон |
| |||
Марзбонии Арманистон, инчқунин маъруф ба Арманистони Сосонӣ (арманӣ. Մարզպանական Հայաստան) — воҳиди маъмурӣ дар Шоҳаншоҳии Сосонӣ (солҳои 428—642).
Дар соли 384 (мелодӣ) Шоҳаншоҳии Сосонӣ ва Имперотурии Бизонс, Арманистонро байни худ тақсим карданд, ки бахши шарқии он саҳми Эрони Сосонӣ шуд ва бахши ғарбӣ, ки кӯчактар буд, ба Бизонс пайваст. Кашмакашҳо дар боби Арманистон байни Эрони Сосонӣ ва Имперотурии Руми Шарқӣ аз ин пас ҳам, борҳо падид омад, аммо ин тақсимбандӣ то поёни аҳди Сосониён, кам ва беш, ҳамчунон боқӣ монд[1].
Пешзамина
[вироиш | вироиши манбаъ]Ардашери Бобакон ҳукумати Арманистонро бахше аз давлати Ашкониён ва яке аз душманони ҷиддии худ медонист, ки ба ҳар навъи мумкин мебоист ба он сарзамин даст меёфт. Бар асоси навиштаҳои Агатангелос як сол баъд аз марги Артабони Панҷум, Хусрави II, подшоҳи Арманистон тавонист нерӯҳои низомии худро омодаи набард бо Ардашер созад. Ӯ муваффақ шуд сарзамини Ошуристонро тасхир кунад ва ҳатто ба наздикии дарвозаҳои Тисфун ҳам расид.
Хусрав танҳо бо сипоҳиёни андаки худ дар баробари Ардашер ва нерӯи низомиаш қарор гирифт. Дар ин набард Хусрав пирӯз шуд ва Ардашер аз саҳнаи ҷанг гурехт ва Хусрав бо ғаноими фаровон ба Арманистон бозгашт. Як сол баъд, Хусрав қашуни дигаре фароҳам овард ва ба сӯи мутасаррифоти Ардашер ҳаракат кард. Ӯ тайи даҳ сол тавонист бахше аз сарзаминҳои таҳти султаи Ардашерро аз зери султаи Сосониён хориҷ созад. Барои ҳалли ин мушкил Ардашер шӯрое ташкил дод ва илова бар мушовирони наздикаш, хонадонҳои бузурги партиро низ ба он даъват кард. Ӯ дар ин шӯро эълом дошт, агар касе аз миёни бузургон битавонад Хусрав, подшоҳи Арманистонро, аз миён бардорад, ба ӯ подоши бузург ва мақоми дувуми мамлакатро ато хоҳад кард. Пас аз шунидани суханони Ардашер «Анак», аз бузургони хонадони Сурен, (бар асоси навиштаҳои Мусои Хуренӣ насаби хонадони Сурен ё Сурениён (ба забони арманӣ), ба Сурен писари дувум, Аршовир Комсорокон мерасад. Ин хонадон дар замони Ашкониён ва сипас, дар давраи Сосониён, ҷузви ҳафт хонадони мумтози Эрони Бостон маҳсуб мешуданд). аз миёни ҷамъ бархост ва омодагии худро барои нобудии Хусрав эълом дошт. Хусрав бор дигар тасмим гирифт то сипоҳе барои мубориза бо Ардашер фароҳам оварад. Аммо Анак, ки қасд дошт дар аввалин фурсат нақшаи худро амалӣ созад, тайи тарфанде ва ба кумаки бародараш бо корд ба Хусрав ҳамла кард ва сипас бе хонаводааш ва танҳо бо бародараш ба сӯи мустамлакоти Сосониён гурехт, аммо сипоҳиёни арманӣ ӯ ва бародарашро дар наздикии рӯди Арас ба дом андохта ва онҳоро куштанд[2]. Бо шунидани хабари кушта шудани Хусрав, Ардашери Бобакон бедиранг ба ҳамроҳии сипоҳиёнаш ба Арманистон ҳамла кард ва дар ниҳоят муваффақ шуд ин сарзаминро ба тасарруфи худ дароварад. Тайи ин ҳамлаҳо ҳамаи аъзои хонадони силсилаи Ашконии Арманистон кушта ё асир шуданд ва танҳо Тирдоди III, подшоҳи Арманистон, писари Хусрав, ба кумаки муаллимаш ба сарзамини Рум гурехт. Ба ин тартиб, Сосониён бар Арманистон тасаллут ёфтанд.