Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон
Таърихи таъсис 28 март 1941
Нигора
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ ҶШС Тоҷикистон
Дараҷаи болотар Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС
Дараҷаи пойинтар Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
Иваз шуд ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
Замони поён 1989
Икон
Гурӯҳи барандагони ҷоизаҳо Гурӯҳ:Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон

«Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон» («Артисти халқии РСС Тоҷикистон») — унвони фахрӣ, ки 28 марти 1939 бо Укази Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфтааст[1].

Унвон ба ҳунарпешагону коргардонҳои театру синамо, овозхонон, оҳангсозон, навозандагон, раҳбарони мусиқӣ, устодони рақс, роҳбарони бадеии дастаи навозандагон, хор ва дигар намояндагони ҳунар барои маҳорати баланди ҳунарӣ, офаридани образҳои барҷаста, асарҳои баландмазмуни саҳнавию мусиқӣ, намоишномаҳои театрӣ, филмҳо, инчунин барои хидматҳои бузург ҷиҳати тавсеъа ва омода сохтани кадрҳои ҳунарии ҷумҳурӣ дода мешуд.

Аввалин тақдири унвон дар соли 1941 баргузор шуд. Нахустин дарёфткунандаи ин унвон Азиза Азимова — ҳунарпеша ва рақосаи тоҷик ва охирин дарёфткунанда дар соли 1989 Давлат Худоназаров — коргардон ва филмбардори тоҷик буд.

Дар соли 1990 ба ҷойи «Артисти халқии РСС Тоҷикистон» унвони «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» ҷорӣ карда шуд[2].

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пушти нишон

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Артисти халқии РСС Тоҷикистон // А — Гавҳар. — Д. : СИЭСТ, 1978. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 1).
  2. Артисти халқии РСС Тоҷикистон / Ё. Назармамадов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.