Jump to content

Сипоҳи Сосониён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Артиши Шоҳаншоҳии Сосонӣ)
Сипоҳи Сосониён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
radag 10 сарбоз *radagbān
tahm 100 сарбоз tahmdār
wašt 500 сарбоз wašt-sālār
drafš 1 000 сарбоз drafš-sālār
gund 5 000 сарбоз gund-sālār
spāh 10 000 сарбоз spāhbed
artēštārān artēštārān-sālār

Артиши Соcонӣ, Сипоҳи Эроншаҳр (порсии миёна: Spāh-ī Ērānšahr) — лашкариён ва сипоҳёни муҳофиз шоҳу кишвар дар замони ҳукумат Соcониён бар Эрон.

Нерӯҳои мусаллаҳи Сосониёнро сипоҳ (порсии миёна: spāh > порсии бостон: spāda-) меномиданд, ки бузургтарин ягони он гунд (порсии миёна: gund)[1] будаву 5 000 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳашро гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) мехонданд[2]. Ҳар гунде аз чанд дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбоз дошт. Ҳар дирафше аз ду вашт (порсии миёна: wašt) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбоз дошт. Ҳар ваште аз чанд таҳм (порсии миёна: tahm)[3] созмон меёфт, ки ҳар кадоме 100 сарбоз доштанд. Ҳар таҳме аз чанд рада (порсии миёна: radag)[4] ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 10 сарбозро дар бар мегирифт. Фармондеҳи дирафш дирафшсолор (порсии миёна: drafš-sālār)[2], фармондеҳи вашт ваштсолор (порсии миёна: wašt-sālār)[2], фармонеҳи таҳм таҳмдор (порсии миёна: tahmdār)[5] ва фармондеҳи рада эҳтимолан радабон (порсии миёна: *radagbān) номида мешуд.

Фармондеҳи сипоҳ сипаҳбад (порсии миёна: spāhbed) хонда мешуд[6]. Дар шоҳаншоҳии Сосонӣ баландпоятарин мақоми низомӣ пас аз шоҳаншоҳ артишдорон-солор (порсии миёна: artēštārān-sālār) буд[7][8], ки бино бар қаринаҳо, унвони дигаре барои «Эрон сипоҳбед» (порсии миёна: Ērān spāhbēd) аст, ки то замони подшоҳии Хусрав Анӯшервон болотарин мақоми низомӣ дар шоҳаншоҳии Сосониён буд[9].

Бо таваҷҷуҳ ба ҳамномии ягонҳои размии сипоҳи Арманистон бо Эрон дар замони Сосониён, метавон гуфт, ки шумори нерӯҳо дар ягонҳои размии сипоҳи Сосониён низ бо сипоҳи Арманистон ҳамсону баробар будааст. Чунончи, дар сипоҳи Арманистон ҳар гунд аз ду ё се дирафш ташкил меёфт ва дирафш низ, агар онро бо коҳорт (ягони размии сипоҳи Рум, ки маъмулан аз 500—600 сарбоз ташкил мешуд) ҳамсанҷӣ кунем, аз ду вашт созмон меёфтааст. Дар садаҳои IV—V милодӣ нерӯҳои размии подшоҳии Арманистон аз сипоҳҳо (ҳар кадоме 10 ҳазор сарбоз доштаанд), гундҳо (2 000 — 3 000 сарбоз), дирафшҳо (1 000 сарбоз), ваштҳо (500 сарбоз) ва ҳамчунин ягонҳои хурдтар — садаҳо ва даҳаҳо ташкил мешудаанд. Ин сохтори созмонии сипоҳи Арманистон ҳамсониҳои бисёре бо сипоҳи Рум ва бештар аз он бо сипоҳи Эрон дар замони подшоҳии Сосониён дошт[10]. Аз деворнивиштаҳои сипоҳиёни Сосонӣ дар куништи яҳудиёни шаҳри Дура-Европос метавон донист, ки садаҳо таҳм ва даҳаҳо рада номида мешудаанд[3].

Чуноне ки аз ҷадвали радабандии сипоҳи Сосониён дида мешавад, сохтори сипоҳи Сосониён ба сохтори артишҳои имрӯзӣ наздиктар аст. Чунончи, аз рӯи шумори нерӯҳо рада бо отделение, таҳм бо рота, вашт бо батальон, дирафш бо полк, гунд бо бригада ва сипоҳ бо дивизия баробар аст. Бо ҳамин қиёс, размовар бо сержант ё старшина, таҳмдор бо лейтенант ё капитан, ваштсолор бо майор, дирафшсолор бо полковник, гундсолор бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар будаанд.

  1. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
  2. 2.0 2.1 2.2 Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  3. 3.0 3.1 Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos). 7 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
  4. Дмитриев В. А. Военная разведка в сасанидском Иране: организация деятельности и источники информации // Вестник Нижегородского университета им. Н. И. Лобачевского. 2016. № 1. С. 9-22. Прим. 12 на стр. 18

    … Впрочем, из среднеперсидских эпиграфических источников середины III в. н. э. (граффити в Дура-Европосе, датируемые 253 г.) известно о существовании армейских писцов (видимо, более низкого ранга, нежели dabīr-i sipāh), называвших себя dibīr-ī tahm и dibīr-ī radag [24, c. 244; 25].

  5. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2-5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 145. сн. 18

    В документе Nov 280 из архива Старой Нисы фигурируют два лица, носящие звание tgmdr («начальник тагмы»), состоящее из двух частей — греч. «τάγμα» («легион») и парф. dār («начальствующий»). Предполагается, что это звание — калька с римского военного термина в греческой передаче «τάγματάρχος» ‘начальник легиона’, появившееся в парфянском военном лексиконе как раз в связи с депортацией воинов Красса в восточные районы Парфии, где они были организованы в отряды под началом парфянских тагмадаров и, в том числе, трудились на сельскохозяйственных работах [Дьяконов, Ливщиц 1966: 148—152]. Кстати, слово «тагма» в пехлевийской форме tḥmy как обозначение воинского подразделения зафиксировано в надписи, оставленной сасанидскими солдатами в синагоге Дура-Европос [Луконин 1987: 266, примеч. 62].

  6. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4
  7. W. Sundermann. ARTĒŠTĀRĀN SĀLĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, p. 662
  8. Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. М., 1961. С. 291
  9. Artēštārān-sālār // Донишномаи Эрон, ҷ. 2, 2503. 23 октябри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 октябри 2012.
  10. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449—451 гг. Кампании и сражения.- Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017.