Асадулло Наҷмиддиниён
Асадулло Наҷмиддиниён | |
|---|---|
| Наҷмиддиниён Асадулло Мирзо | |
| | |
| Таърихи таваллуд: | 22 октябр 1986 (39 сол) |
| Зодгоҳ: | ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ: |
|
| Таҳсилот: | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2009) |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
| Унвонҳои илмӣ: | дотсент |
| Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
| Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII |
Асадулло Наҷмиддиниён (Наҷмиддиниён Асадулло Мирзо; зод. 22 октябри 1986, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — арбоби давлатӣ, олим, доктори илмҳои физикаю математика (2025), дотсент (2019). Аз 2 марти соли 2025 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Асадулло Наҷмиддиниён 22 октябри соли 1986 дар хонаводаи тоҷик дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Солҳои 2004—2009 факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Мошинҳои ҳисоббарор, комплексҳо, системаҳо ва шабакаҳо» хатм намудааст[1].
- Солҳои 2021-2023 - Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идораи давлатӣ аз рӯйи тахассуси иқтисодчӣ-менеҷер.
- Солҳои 2013-2016 - Аспирант аз рӯйи ихтисоси 05.13.18 - «Моделсозии математикӣ, методҳои ададӣ ва комплексӣ барномаҳо» дар кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- Солҳои 2007-2008 - Омӯзгори фанни технологияи информатсионии муассисаи таҳсилоти миёнаии умумии №38-и шаҳри Душанбе.
- Солҳои 2008-2009 - Муҳандиси электронии маркази таҳлили-иттилоотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
- Солҳои 2009-2013 - Мутахассиси маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
- Солҳои 2013-2016 - Аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
- Солҳои 2016-2018 - Сардори Маркази технологияҳои инноватсионии таълими ва иттилоотии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
- Солҳои 2018-2020 - Мудири кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
- Солҳои 2020-2022 - Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.
- Солҳои 2022-2025 - Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.
- Аз 2 марти соли 2025 – Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум.
- Аз 19 марти 2025 узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон мебошад.[2].
Дараҷа ва унвони илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Соли 2017 - дифои рисолаи номзадӣ, самти илмҳои физикаю математика.
- Соли 2019 - дотсент аз рӯйи ихтисоси «Иттилоот, техникаи ҳисоббарор ва идоракунӣ».
- Соли 2025 - дифои рисолаи докторӣ, самти илмҳои физикаю математика.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соҳаи рағбатҳои илмӣ: моделсозии математикӣ, моделсозии системаи иттилоотӣ, информатика, эконометрика, системаи иттилоотӣ ва технологияҳо дар логистика, менеҷменти информатсионӣ, физикаи муҳитҳои конденсӣ. Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ: муаллифи беш аз 60 корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, аз ҷумла 2 монография, 4 китоби дарсӣ, 1 шаҳодатномаи ҳуқуқи муаллиф, 2 патент, 15 барномаи таълимӣ, 4 дастури таълимӣ ва 3 васоити таълимӣ.
Мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Соли 2015 - Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Соли 2020 - Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои табиӣ-риёзӣ[3].
Зиндагии шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Оиладор, соҳиби се фарзанд.
Ҷоизаҳоҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2015 — Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон.
- 2020 — Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ[4].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ХУЛОСАИ шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-011 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм.(пайванди дастнорас)
- ↑ Наҷмиддиниён Асадулло(тоҷ.). www.parlament.tj. 7 июли 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июни 2023.
- ↑ Наҷмиддиниён Асадулло. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 14 апрели 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июни 2023.
- ↑ Наҷмиддиниён Асадулло(тоҷ.). www.parlament.tj. 7 июли 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июни 2023.
- Зодагони 22 октябр
- Зодагони соли 1986
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Файзобод
- Докторони улуми физика ва математика
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII
- Олимони Тоҷикистон
- Физикдонони Тоҷикистон
- Риёзидонони Тоҷикистон
- Олимони асри XXI