Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Асари гулхонаӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Асари гулхонаӣ (форсӣ: اثر گلخانه‌ای), эффекти гулхонаӣ — ба таъсири мустақими газҳои гулхонаӣ дар атмосфераи рӯйи сатҳи он гуфта мешавад. Дар ин фароянд партавҳои мавҷуд дар атмосфераи он сайёра сатҳи онро ба андозае гарм мекунад, ки гӯё атмосфера дар он мавҷуд набошад ва аз ин рӯ муҷиби дигаргунии обуҳаво мешавад.

Таърихи тадқиқот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғояи механизми таъсири гулхонаӣ бори аввал соли 1827 аз ҷониби Жозеф Фурие пешниҳод шуда буд. Фурие тавзеҳ дод, ки афзоиши ҳарорат дар дохили гулхона дар муқоиса бо ҳарорати беруна ба ду омил вобаста аст: баста шудани интиқоли гармии конвективӣ ва шаффофияти гуногуни шиша дар диапазонҳои намоён ва инфрасурх. Маҳз омили охирин дар адабиёти минбаъда номи «таъсири гулхонаӣ»-ро гирифт. Сатҳи сайёра нури намоёнро ҷаббида, гарм мешавад ва нурҳои гармии (инфрасурх) хориҷ мекунад. Азбаски атмосфера барои нури намоён шаффоф ва барои радиатсияи гармӣ қариб ношаффоф аст, ҷамъшавии гармӣ ба амал меояд. Соли 1856 пажӯҳишгари амрикоӣ Юнис Нютон Фут ва соли 1859 физики бритониёӣ Ҷон Тиндал робитаи байни ҳиссаи гази карбонат дар ҳаво ва суръати тағйири ҳароратро муайян карданд[1]. Соли 1896 Сванте Аррениус ҳисоб кард, ки тағйири консентратсияи гази карбонат дар атмосфера метавонад боиси асрҳои яхбандӣ гардад.

Таъсири гулхонаӣ ва иқлими Замин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Замин дар байни Зуҳра ва Миррих мавқеи мобайнро ишғол мекунад. Дар Зуҳра таъсири гулхонаӣ ниҳоят қавӣ буда, ҳароратро то 460 °C боло мебарад. Дар Миррих бошад, аз сабаби тунукии атмосфера ин таъсир ночиз аст. Дар даҳсолаҳои охир афзоиши консентратсияи гази карбонат дар атмосфера мушоҳида мешавад, ки ин боиси пурзӯр шудани таъсири гулхонаӣ ва Гармшавии глобалӣ мегардад. Афзоиши ҳарорат инчунин боиси зиёд шудани бухори об мегардад, ки он ҳамчун гази гулхонаии асосӣ таъсирро боз ҳам қавитар мекунад (алоқаи баргардони мусбат).

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Юнис Фут — зане, ки бори аввал робитаи CO2 ва иқлимро ёфт.