Шумораҳои аслӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аслӣ)
Jump to navigation Jump to search

Шумораҳои аслӣ — пеш аз калимаҳои шумурдашаванда омада,миӄдори муайяни ашёҳои ҳамҷинсро бо ададҳои том мефаҳмонанд: Дар ваӄтҳое,ки ман бо Ӄорӣ-ишкамба шинос шудам,мегуфтанд,ки ӯ панҷсад ҳазор танга,яьне ҳафтоду панҷ ҳазор сӯм дорад(Садриддин Айнӣ).Се нафар дар ароба нишаста,сафари дурро нишон кардем(Мирзо Турсунзода).Ҳавлии на хурду на калон се хона,як таҳхона ва як болохонаи беруна дошт(Ҷалол Икромӣ). Шумораҳои аслӣ ҳамаи ададҳои томи муӄаррариро дар бар мегиранд ва хелҳои дигари шумора аз шумораҳои аслӣ сохта мешаванд.

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - 356с.