Асомиддин Насриддинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Асомиддин Насриддинов

Асомиддин Насриддинов (тав. 5.01.1930, деҳаи Ғузихами ноҳияи Балҷувон – ваф. 10.01.1998, шаҳри Душанбе), адабиётшиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ (1966), дотсент (1973).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1945–1947 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Қӯрғонтеппа, 1947–1949 Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Кӯлоб, 1951–1954 дар факултети таърих ва забону адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Фаъолияти омӯзгориаш аз соли 1944 баъди хатми курсҳои думоҳаи муаллимтайёркунии ш. Қурғонтеппа сар шуда, сараввал муаллим, баъд мудири қисми таълимии мактаби ҳафтсолаи ба номи Сталин кор кардааст. Соли 1954 донишкадаи омӯзгории пойтахтро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1954– 1955 методисти Институти такмили ихтисоси муаллимони ш. Душанбе, 1955–1958 аспирант, 1958–1979 муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик, муовини декани факултети таъриху филологияи тоҷик, муовини ректор оид ба шуъбаи шабона, 1975–1979 муовини ректор оид ба кори таълими Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Солҳои 1979–1988 бо тақозои тақдир ва туҳматҳои беасос дар маҳбасҳои Сибир қарор дошт ва дар он солҳо корманди китобхонаи маҳбас буд. Солҳои 1988–1998 дар шуъбаи омӯзиши афкори умуми Палатаи китобҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъба кор кардааст. Ҳамчун олими адабиёти классикии тоҷик дар тадқиқи ҳаёт ва эҷодиёти Саъдию Ҳофиз, Сӯзанӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, мавқеи анъанаҳои халқӣ дар назми классикии тоҷик дар асрҳои XI, XII саҳми босазо гузоштааст. Барои хидматҳояш бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941–1945», «Барои меҳнати шоён», бо ифтихорномаҳои Кумитаи комсомоли Тоҷикистон, Вазорати маорифи Тоҷикистон ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҷомӣ шоири бузург ва мутафаккир, Д., 1964;
  • Барномаи адабиёти қадим ва адабиёти классикии тоҷик то асрҳои XVI, Д., 1967;
  • Ҳаёт ва эҷодиёти Лоҳутӣ, Д., 1968;
  • Ленин ва масъалаҳои омӯзиши мероси классикӣ, Д., 1970;
  • Анъанаҳои халқӣ дар назми классикии тоҷик дар асрҳои XI-XII, Д., 1970;
  • Маҷмӯаи ашъори шоири асри XIV Аҳвадӣ бо шарҳу пешгуфтор (дастхат, 11 ҷузъи чопӣ);
  • Мавод оид ба адабиёти қадимаи тоҷик (дастхат, 10 ҷузъи чопӣ).

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]