Асоси замони ҳозира (феъл)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Асоси замони ҳозира амалеро мефаҳмонад, ки ҳанӮз ба амал наомадааст ва бо шахси дуюми танҳои феъли фармоиш (сиғаи амрӣ) як аст: хон, навис, рез, дав, бин, о(й) ва ғайра.Шаклҳои замони ҳозира-оянда, аорист, феъли фармоиш ва сифати феълии замони ҳозира аз асоси замони ҳозираи феъл сохта мешаванд. Асосҳои феъл аз ҷиҳати дучор шудан ё нашудан ба тағирот ва табдили овоз ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд.Ба гурӯҳи якум феълҳое дохил мешаванд, ки дар вақти гузарондан аз асоси феълии замони гузашта дар онҳо табдили овоз ба вуҷуд намеояд. Ин феълҳо миӄдоран каманд: бор-борид, боф-бофт,бор-борид, дав-давид, ист(о)-истод, кан-канд.Ба гурӯҳи дуюм феълҳое дохил мешаванд, ки ҳангоми аз асоси замони ҳозира ташкил кардани асоси замони гузашта табдили овоз рӯй медиҳад.Бештар бадалшавии ҳамсадоҳо ва гоҳо табдили садонокҳо ба вуҷуд меояд: андоз-андохт, афрӯз-афрӯхт, навоз-навохт, паз-пухт, соз-сохт, банд-баст, гузар-гузашт, рав-рафт, рӯб-рӯфт, фурӯш-фурӯхт,бар-бурд, намо-намуд, бош-буд, деҳ-дод

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. -с.173