Аспергиллотоксикоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АСПЕРГИЛЛОТОКСИКÓЗ (Aspergillotoxicosis), навъе аз заҳролудии ҳайвонот. Аспергиллотоксикоз ҳангоми истеъмоли хӯроке, ки аз занбӯруғҳои ҷинси аспергилла сироят ёфтааст, ба амал меояд. Аспергиллотоксикоз боиси илтиҳоби узвҳои ҳозима ва иллати силсилаи марказии асаб мегардад. Аз занбӯруғҳои аспергилла муш, калламуш, харгӯш, парандаҳо, хук, чорвои калон, асп ва ғайра заҳролуд мешаванд. Аспергиллотоксикозба хоҷагиҳо (махсусан ба парандапарварӣ) зиён меоварад. Занбӯруғҳои аспергилла дар ҳама ҷо (рустаниҳои хушкида, хӯроки дурушти чорво, улуфа, хок ва ғайра) дучор меоянд. Аспергиллотоксикоздар ҷойҳои сернам ва гарм (27–40°С; барои аспергилла фумугатус 45–50°С), махсусан дар хасбедаи тафсида хуб месабзад. Ҳама гуна хӯроки чорво (хасбеда, улуфа, ғалла, мах­сусан хӯрокиҳои омехтае, ки дар таркибашон донҳои осебдида доранд) метавонанд сабаби заҳролудӣ гарданд. Заҳри аспергиллаҳо ба организм таъсири ҷузъӣ ва умумӣ мерасонад. Ҳангоми таъсири ҷузъии он пӯст, луобпардаҳои роҳи нафас ва чашм газак мегирад. Аз таъсири умумии заҳр силсилаи марказии асаб хароб, мубодилаи моддаҳо вайрон ва миқдори калсию фосфори хун зиёд мешавад, бофтаҳои дил, ҷигар, гурда, аъзои ҳозима ва узвҳои хунофар осеб меёбанд. Дар ҳолати аспергиллотоксикоз масуният (иммунитет) ба вуҷуд намеояд.
Аспергиллотоксикоз шадид ва музмин мешавад. Аспергиллотоксикози шадид аксар марговар буда, 6–10 шаборӯз давом мекунад. Аспергиллотоксикози музмин солҳои зиёд идома меёбад. Рӯзҳои аввали касалӣ ҳайвон харобу лоғар ва дарунрав шуда, бо душворӣ нафас мегирад, месурфад, аз даҳонаш кафк меояд; ҳайвони бордор ба­ча мепартояд. Касалиро аз рӯи маълумоти эпизоотологӣ, клиникӣ, патолого-анатомӣ ва тадқиқи пурраи токсико-микологии хӯроки ҳайвонот ташхис мекунанд. Зери назорати ҷиддии байторию беҳдоштӣ гирифтани хӯроки ҳайвонот, ҷудо нигоҳ доштани ҳайвони касал, ба ҳайвонот додани хӯрокиҳои серғизову хушсифат роҳҳои асосии пешгирии аспергиллотоксикоз мебошанд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Кузнецов А. Ф. Ветеринарная микология.Москва, 2001.