Аспи қаробоҳирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аспи қаробоҳирӣ бо лақаби Хон
Аспи қаробоҳирӣ бо лақаби Хон

Аспи қаробоҳирӣ — зоти аспҳои маҳаллии боркашу савораи Осиёи Марказӣ. Аз қадимулайём маълум буда, дар натиҷаи бо аспҳои кӯчиён, инчунин аспҳои туркманӣ, арабӣ ва форсӣ ҷуфткунонии арғумакҳо ба вуҷуд оварда шудааст. Бештар адҳамтӯруқ, абрашҷеран ва ашҳаб буда, сари нисбатан хурд, гардани дарози сермушак, синаву тахтапушти фарох, миёни рост, ёлу думи кӯтоҳ дорад; сумаш сахт ва пойҳояш бориканд. Баландии қади нарён 153—155 (даври сандуқи синааш 175, банди пояш 19,6), модиён 148—150 (даври сандуқи синааш 172, банди пояш 18,8) см аст. Аспи қаробоҳирӣ барои кор дар шароити иқлими гарм, кашидани ароба ва ҳамчун аспи саворӣ хеле мувофиқ шудааст. Ҳангоми пойга дар масофаи кӯтоҳ ба аспҳои зоти арабӣ ва аҳалтекинӣ намерасад. Суръати дави рекордиаш 1200 м дар 1 дақиқа 22,0 сония; 1600 метр дар 1 дақиқа 54 сония; 2400 метр дар 2 дақиқа 52 сония; 3200 метр дар 3 дақиқа 43,2 сония; 7000 м дар 9 дақиқа 11,2 соли Ҳамчун аспи саворӣ дар корҳои кишоварзӣ, инчунин дар бузкашӣ васеъ истифода мебаранд. Алҳол бо мақсади ба вуҷуд овардани зоти аспҳои варзишии хуб модиёнҳои аспи қаробоҳириро бо нарёнҳои аспҳои зоти асили савории англисӣ ва аспҳои асили арабӣ ҷуфт мекунонанд. Дар Тоҷикистон асосан дар вилояти Суғд мепарваранд. Соли 2010 дар ҷумҳурӣ 6134 сар аспи қаробоҳирӣ мавҷуд буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мамин Н. О. Хозяйственная характеристика и биологические особенности войсковых лошадей карабаирской и новокиргизской пород в связи с их использованием на Памире. Душанбе, 1962;
  • Ливанова Т. Лошади. Москва, 2001.


Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]