Асрор-ул-балоғат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


«АСРÓР-УЛ-БАЛОҒÁТ» (ар. اسرارالبلاغة) китоби мутакаллим, адиб ва забоншиноси маъруфи тоҷик Абубакр Абдулқодир ибни Абдурраҳмони Ҷурҷонӣ (вафоташ 16811682) дар улуми маъонӣ ва баён, ки ба забони арабӣ таълиф кардааст. Ба шаҳодати аксари мутахассисон Абдулқодири Ҷурҷонӣ бо ин китоби худ аввалин шуда асосҳои илми балоғатро тарҳрезӣ карда, қоидаву қонунҳои онро мураттаб сохтааст. «Асрор-ул-балоғат» аз 33 фасл иборат буда, дар он масъалаҳои зерини илми балоғат ба таври муфассал такмилу баррасӣ шудаанд: таҷнис; татбиқ; истора; навъҳои истиора аз қабили истиораи муфида, истиораи ғайримуфида, истораи ҳақиқӣ ва истораи тахайюлӣ; инчунин ташбеҳ; тамсил; фарқи байни ташбеҳ ва тамсил; масъалаи ахз (гирифтани маъно аз каси дигар); сирқа (дуздии маъно); истеъдод ва истиъонат; ҳақиқат ва маҷоз; маҷози ақлӣ ва ма­ҷози луғавӣ ва ғайра. «Асрор-ул-балоғат»то имрӯз ҳамчун китоби дарсии илми балоғат дар сатҳи олӣ дар донишгоҳҳои улуми инсонӣ омӯхта мешавад ва матни он дар Қоҳира ва дигарон ҷойҳо борҳо ба табъ расидааст.

Манбаъ[вироиш]

/ С. Шаҳобуддинов. 
  • أسرارالبلاغة. تالیفالامامعبدالقاهرالجرجانی. مصر،۱۹۳۲