Астрограф
Jump to navigation
Jump to search
![]() |
АСТРÓГРАФ (аз астро… ва юн. graphö – менависам, тасвир мекунам), афзори ахтаршиносӣ барои аксбардориҳои кайҳонӣ. Астрографро аз рӯйи тарҳи рефрактор, рефлектор ва ё телескопи оинагӣлинзагӣ месозанд. Астрограф дар қисми дидгоҳ кассети аксбардорӣ дорад, ки афканишоти ҷирми мунирро қабул мекунад. Ҳоло ба ҷойи лавҳаи аксбардорӣ ошкоргарҳои рақамӣ ба кор бурда мешаванд. Дар Расадхонаи Ҳисор астрографи 40-сантиметраи Сейсс-Йена истифода мешавад.
Адабиёт[вироиш]
- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.