Jump to content

Асҳоби Расс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

АСҲÓБИ РАСС (арабӣ: أصحاب ړسّ аз асҳоб ва Расс – но­ми қавм) — яке аз қавмҳои пешин, ки роҷеъ ба он дар Қуръони карим дар сураҳои Фурқон ва Қоф дар канори қавмҳои Од, Самуд, Нуҳ ва ғайра номбар шудааст. Асҳоби Расс ба унвони қавми баддин ва кофирони якрав ироа шуда, паёмбарашонро такзиб намуда, ба куфру саркашии худ исрор варзиданд ва дар натиҷа ба азоби илоҳӣ гирифтор шуданд. Расс ба маънои чоҳ ва ё манбаи обе буда, ки қавми мазкур дар атрофи он сукунат мекард. Дар бораи сукунат, таърихи зиндагонӣ ва пайғамбари Асҳоби Расс дар байни муфассирон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Ба ҳайси маҳалли сукунати онҳо Озарбоиҷон, Ямома, Ҳазрамавт, Мадоини Солеҳ дар минтақаи Ҳиҷр ва ғайра ном бурда шудаанд. Ибни Ҷурайҷ бо истинод ба Ибни Аббос ривоят мекунад, ки Асҳоби Расс аҳли деҳае аз деҳоти Самуд (дар минтақаи Ҳиҷр) будааст. Аз Икрима ривоят шуда, ки Расс чоҳест, ки пайғамбарашонро дар он афканда ва дафн кардаанд.

  • Ислам. Энциклопедический словарь,Москва, 1991;
  • المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
  • دائرةالمعارفبزرگاسلامی. تهران،۲۰۰۶؛
  • اطلستاريخانبياءورسولان. ریاض،۲۰۰۶؛
  • محمدعلئخالدی (سلطانالعلماء). تفسیرصشوةالعرفان. تهران،۲۰۰۷؛
  • آنهطوّاقآخوندیګلشاهی. تفسیرګلشاهی. تهران،۲۰۰۸؛
  • الدکتورشوقیابوخليل. اطلسالقراناماکن،اقوام،اعلام. دمشق،۲۰۰۳