Ато Мирхоҷа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ато
Мирзозода Ато Мирхоҷа
Тахаллусҳо:

Неру

Зодгоҳ:

Шуғнон, Тоҷикистон

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Навъи фаъолият:

шоир, нависанда, рӯзноманигор

Солҳои эҷод:

1990-

Забони осор:

забони тоҷикӣ

Ато Мирхоҷаи Неру - шоир, нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993) аз соли 2003 то ҳоли ҳозир узви раёсати ИНТ.

Зиндагинома[вироиш]

Ато Мирхоҷа Мирзозода, тахаллуси адабиаш Неру, 8 апрел, 1963 дар қишлоқи Вужи ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон дар оилаи фелдшер ба дунё омадааст. Падараш – Мирзоҷалолов Мирхоҷа (1920-200), модараш – Салимшоева Икронбегим (1928-2012). Таҳсилоти ҳаштсоларо дар мактаби №34 дар деҳааш ба охир оварда, дар мактаб-интернати №28-и ноҳия воқеъ дар қишлоқи Муни ҷамоати Навобод соҳиби шаҳодатномаи хатми мактаби миёна гардидааст. Соли 1980 ба гурӯҳи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Ленини шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1985 бо тахассуси «Забон ва адабиёти тоҷик» хатм намудааст. Ҳанӯз дар айёми донишҷӯиаш донишу фаъолияти амалии ӯро ба эътибор гирифта, Кумитаи марказии созмони ҷавонони ҷумҳурӣ аз курси чаҳорум ӯро ба ҳайси хабарнигори махсуси дастаҳои донишҷӯёни бинокор ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба кор даъват карда буд. Охири соли 1986 Кумитаи Марказии созмони ҷавонон бо дархости кумитаи бадахшонии созмони ҷавонон ӯро ба кор ба ин ташкилот фиристод. Соли 1990 ба сабаби пароканда шудани ин созмон Ато Мирхоҷа ба сифати муҳаррири барномаҳои фарҳангӣ дар Кумитаи радио ва телевизони ВМКБ ба кор даромад. Соли 1994 дар ҳафтаномаи «Фарҳанги Бадахшон» ба ҳайси масъули чоп фаъолият варзид ва пас аз як сол барои зиндагии доимӣ ба пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе омада, аввал дар барномаҳои бурунмарзии Радиои Тоҷикистон, баъдан АМИТ «Ховар» ба ҳайси муҳаррири варзида, сипас муддате котиби масъули ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» кор кард. Соли 1998 ба ҳафтаномаи Роҳи оҳани Тоҷикистон – «Роҳи умед» (аз соли 2002 – «Нақлиёт») ба кор даромад ва то соли 2011 сармуҳаррири ин ҷарида, солҳои 2003 – 2008 ҳамзамон мушовири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагон буд. 1 июли соли 2011 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» – нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Аз июли соли 2015 муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Оиладор. Сохиби 4 фарзанд.

Эҷодиёт[вироиш]

Ато Мирхоҷа аз овони мактабхониаш ба кори эҷодӣ машғул шудааст. Нахустин шеърҳои ӯ дар ҳамин овон бо дастгирии Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар рӯзномаи «Бадахшони советӣ» ба хонандагон муаррифӣ шудаанд. Соли 1991 бо кӯшишу ҳиммати Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар китоби дастҷамъии «Боли парвоз» нахустин маҷмӯаи ашъораш бо номи «Тасмаи мардон» дар нашриёти «Адиб» ба дасти чоп расид. Маҷмӯаҳои алоҳидааш – соли 2003 таҳти унвони «Ишқ ва ашк» аз ҷониби нашриёти «Нодир», соли 2006 «Шакарганҷ» ва соли 2013 «Нафаси дувум» (тавассути нашриёти "Адиб"), соли 2016 «Шириншоҳ Шоҳтемур» (китобчаи очерки тарҷумаиҳолӣ, Душанбе, «Бухоро»; соли 2016 романи «Саройи санг», қисми 1 (Душанбе, «Сухан») аз чоп баромаданд. Ато Мирхоҷа ҳамчунин муаллифи китобҳои бачагонаи «Нахудак-булъаҷабак», «Нахудак ва Нисо» (нашриёти «Мир полиграфии», соли 2006), «Равшан қиссаен» (ба забони шуғнонӣ, нашриёти «Адиб», соли 2010) буда, асарҳои саҳнавии ӯ – «Даъвати Носир» (1992), «Сайр дар гилем» (1995), «Давлати баргашта» (1999) дар озмунҳои эълондоштаи Вазорати фарҳанг соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Мазҳакаи «Сайр дар гилем» дар маҷмӯаи асарҳои саҳнавии «Паёми Искандаркӯл» (нашриёти «Адиб», 2007), драмаи «Давлати баргашта» дар китоби «Шоҳтемур дар адабиёти тоҷик» - и Қурбон Аламшоев (нашриёти «Адиб», соли 2012) чоп шудаанд. Ашъори Александр Блок, Иван Переверзин, Владимир Висотский (адибони рус), Акбар Рисқулов (қирғиз), Микола Метелитский (беларус), Сергей Сухаян (Тоҷикистон), Аминат Абдурашитова (Доғистон)-ро аз русӣ ба тоҷикӣ баргардонда, намунаи осори ӯ ҳам ба забонҳои русӣ, англисӣ, беларусӣ, арманӣ ва қирғизӣ тарҷума шудааст. Ҳамчунин шеърҳои алоҳидаи Носири Хусрав, Мирсаид Миршакар, Эраҷ Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Ҳайрат Шанбезода, Камол Насрулло ва драмаҳои Уилям Шекспир «Шоҳ Лир» ва Мирсаид Миршакар «Қишлоқи тиллоӣ»-ро ба забони модариаш – шуғнонӣ тарҷума кардааст. Намоишномаи «Қишлоқи тиллоӣ» дар тарҷумаи ӯ ва бо кӯшиши ҳунарпешаи маъруфи бадахшонӣ Маъруфшо Мазҳабшоев соли 1989 таҳти унвони «Қишлоқи тиллоӣ» дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Рӯдакии ш. Хоруғ рӯи саҳна омад.

Дар таҳияи китобҳои зерин саҳм гузоштааст: «Хӣрцрах» («Тулӯъ»), маҷмӯаи дастаҷамии ашъор ба забонҳои шуғнонӣ ва рӯшонӣ, Хоруғ, 1990); «Вожаномаи мухтасари русӣ-тоҷикии роҳи оҳан» (интишори Идораи рӯзномаи «Нақлиёт», с. 2004) (дар ҳаммуаллифӣ бо Ҳикмат Неъмат), «Луғати соҳаи ҳавопаймоӣ (русӣ - тоҷикӣ)» (интишори Идораи рӯзномаи «Нақлиёт», с. 2008) (дар ҳаммуаллифӣ бо Ҳикмат Неъмат), «800 ғазали дилошӯб» (нашриёти «Адиб, 2007) ва «800 панди дилписанд»-и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (нашриёти «Адиб, 2007), «Баёзи меҳр» (Душанбе, нашриёти «Эҷод», 2008), «Анҷумани дидор» (нашриёти «Адиб», 2008), «Гулбоғ» (нашриёти «Адиб, 2010), «Эъҷози Раҳмон» (нашриёти «Ирфон», 2011), «Одами тиллоӣ», (нашриёти «Ирфон», 2011), «Нома дар барги ҳавас», (нашриёти «Адиб», 2011), «Девони қоимиёт» (нашриёти «Бухоро», 2014). Ба филмҳои зерин матн навиштааст: Является автором текста следующих фильмов: «Ойинҳои муқаддас дар ҷойҳои муқаддас», с. 2005, Душанбе, Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон; «Ганҷ»,Душанбе, 2019, студияи «Тасвир-продакшн».

Мукофот[вироиш]

Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (соли 2007 барои маҷмўаи шеърҳои «Шакарганҷ») буда, хизматҳои ӯ бо медали «Барои хизмати шоиста» (соли 2007), нишонҳои «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон» (1992), «100-солагии матбуоти тоҷик» (2012), унвони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2013) қадр гаштааст. [1]

Сарчашма[вироиш]

  1. Ато Мирхоҷаи Неру(тоҷ.). www.navisandagan.tj/. 18 апрели 2019 санҷида шуд.