Атсетилселлюлоза

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Формулаи таркибӣ
Формулаи таркибӣ

АТСЕТИЛСЕЛЛЮЛÓЗА — атсетати селлюлоза, эфири атсетати селлюлоза [(С6Н7O2(OСOСН3)3]n. Атсетилселлюлозаро дар натиҷаи таъсири ангидриди атсетат ва андаке кислотаи сулфат ба селлюлоза (клетчатка) ё селлюлозаи қисман ҳидролизшуда – ҳидроселлюлоза ҳосил мекунанд; моддаи сафеди сахт.

[C6H7O2(OH)3]n + 3n(CH3CO)2→
→[C6H7O2(OCOCH3)]n + 3nCH3COOH

Дар ин маврид кислотаи сулфатро тамоман ё қисман ба намаки турш ё хлориди руҳ иваз кардан мумкин аст. Дар натиҷа маҳсуле ҳосил мешавад, ки дараҷаи гуногуни эфиронида дорад. Маҳсули ниҳоии реаксия – сеатсетати селлюлоза (атсетати якумин ё сеатсетати селлюлоза) дорои 62,5% кислотаи атсетати ҳамбаста мебошад. Ҳангоми ҳидролизи нопурраи сеатсетат атсетати дуюмин ҳо­сил мешавад, ки аз 55% кислотаи атсетати ҳамбаста иборат аст. Зичии атсетилселлюлоза 1300 кг/м3 буда, намро бад (хусусан сеатсетат) мегузаронад. Ба равшанӣ устувор аст, хусусиятҳои хуби физикаӣ ва механикӣ дорад. Дар ҳарор. 190–210°С ранги он тағйир ёфта, дар 230°С таҷзия мешавад. Дар асари ишқору кислотаҳои минералӣ тадриҷан ҳидролиз мешавад. Атсетати аввалия дар кислотаи атсетат, метиленхлорид, хлороформ, дихлорэтан, анилин, пиридин ва атсетати сонавӣ ғайр аз ин дар атсетон, омехтаи атсетон ва спирт, этилатсетат, диоксан ва ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал мегардад. [1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.80
  • Шабанова Н. А., Попов В. В. (ва диг). Химия и технология нанодисперсных оксидов. Москва, 2007.