Jump to content

Атъимаи марзо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


«Атъимáи марзó» (أطعمۀ مرضی) — асари Муҳаммадкозим ибни Ҳаким Муҳаммадравшан. Китоб дар бораи муолиҷаи бемориҳо бо ёрии ғизоҳо баҳс мекунад. Як нусха аз дастнависи он дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ зери рақами 1595 маҳфуз буда (соли китобаташ 1846), аз 255 саҳифа иборат аст.