Аудиология

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Аудиолóгия (аз лот. audīre — шунидан, -логия аз юн. -λογία — таълимот, -logia) — илм дар бораи шунавоӣ. Аудиология ҳолати шунавоӣ, сабабҳои карӣ ва гӯшвазниниро омӯхта, усулҳои ташхис ва роҳҳои табобати онҳоро дарёфт менамояд. Дар ҳалли ин масъала омӯхтани таъсири омилҳои истеҳсолӣ (ғавғо, ларзиш, моддаҳои заҳрнок) ба шунавоӣ ва пешгирии онҳо мавқеи муҳим дорад. Мақсади асосии аудиология пешгирӣ намудани карӣ аст. Бо инкишофи ҷарроҳии гӯш, ки мурод аз он барқарор ё беҳтар намудани қобилияти шунавоӣ аст, вазифаҳои аудиология низ дучанд шуданд. Акнун аудиология натиҷаҳои ҷарроҳии гӯш ва зарур будан ё набудани онро низ меомӯзад. Яке аз соҳаҳои махсуси аудиология педаудиология ном дошта, усулҳои ташхис ва табобати шунавоии кӯдаконро таҳқиқ менамояд. Бо ин мақсад аз усулҳои аудиометрия ва электроэнсефалография истифода карда мешавад. Ихтилоли шунавоӣ дар кӯдакон имкон дорад, ки боиси ихтилоли нутқ низ гардад.[1]


Манбаъ[вироиш]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.84
  • Исхоки Ю. Б. Детская оториноларингология. Душанбе, 1977;
  • Таворткиладзе Г. А. Руководство по аудиологии. Москва, 2003.