Аудитория

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Лексия дар аудитория
Лексия дар аудитория

Аудитория - (лот. auditorium — ҷой барои гӯшкунӣ).

1) бахше аз театр ё толор, ки дар он тамошогарон нишинанд. Дар театрҳои Юнони Қадим пайдо шудааст. Аудиторияҳо маъмулан шакли нимдоира доранд ва дар зинаҳои моил болоравандаи онҳо курсиҳо чида шудаанд. Аудиторияҳои бузурги ба нишемангоҳҳо ҷудошудаи театрҳо метавонанд ҳуҷраҳо, нишеман (ложа)-и хусусӣ, полкона ё нишемангоҳи болоию долонҳо дошта бошанд. Радаҳои хамида ва деворҳои шабеҳи онҳо биноӣ ва шунавоии саҳнаро беҳтар месозанд;

2) бино ё хонаи махсус ҷиҳозонида барои суханрониҳо дар назди мардум. Қисми зиёди аудиторияро ҷой барои тамошогарон ишғол мекунад. Аудитория маъмулан саҳна дорад. Дар саҳна ё пеш аз он минбар гузошта шудааст. Дар паси саҳна тахта барои сабт ё экран барои намоиши ахбори видеоӣ ва имкони барои овехтани овеза мавҷуд аст. Аудиторияҳо чароғҳои сершумор ё тирезаҳои бисёри баланду паҳн доранд.

Имрӯз дар ҳар кадом муассисаи таълимии олӣ ва маркази ҷамъиятиву сиёсӣ аудитория мавҷуд аст. Дар мактабҳо маҷлисгоҳ ва дар театру кинотеатрҳо толори тамошоро Аудитория меноманд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик,Ҷилди 2. АСОС-БОЗ –Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.85