Jump to content

Афзори суфтагарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Як намунаи афзори суфтагарӣ

Афзори суфтагарӣасбобест, ки барои коркарди механикии филиз, чӯб, шиша, ҷинсҳои куҳӣ, пластмасса истифода мешавад. Онро аз маводди суфтагарӣ месозанд. Истеҳсоли саноатии Афзори суфтагарӣ аз нимаи дуюми садаи XIX шурӯъ гардид. Афзори суфтагарӣ ба ду навъи асосӣ – дурушт (доираҳои суфтагарӣ, милаи суфтагарӣ ва ғайра) ва нарм ё чандир (чилбур ва маснуоти аз он тайёркардашуда, тасмаҳо, қурсҳо ва ғайра) тақсим мешавад. Барои тайёр кардани Афзори суфтагарӣ аз сунбода (корунд)-и барқӣ, карбиди силитсий (сабз ва сиёҳ), алмоси табиӣ ва сунъӣ истифода мебаранд. Афзори суфтагариро аз маводи сафолӣ, бакелитӣ, вулканӣ ва баъзан силикатӣ, глифталӣ ва магнезиалӣ, ки ба онҳо зарраҳои суфтагарӣ мечаспонанд, истеҳсол мекунанд. Қариб 12000 намуди Афзори суфтагарӣ мавҷуд аст. Доираҳои суфтагариро аз сунбодаи барқӣ ва карбиди силитсий бо қутри 3–1100 мм, ғафсии 0,5–200 мм ва қутри насбкунии 1–305 мм; аз зарраҳои алмос (бо афзори бакелитӣ, филиззӣ ва сафолӣ) бо қутри 6–300 мм, ғафсии ҳалқаи кории 1,5–5 мм ва бари 3–20 мм месозанд. Нишондиҳандаи муҳимми Афзори суфтагарӣ тарокуми алмос (миқдори зарраҳои алмос дар 1 мм3) мебошад (ҳангоми 100% будани тарокум дар 1 мм3 сатҳи афзор 0,878 мг донаҳои алмос мавҷуданд). Тарокуми алмос дар доираи алмосӣ аз 25 то 200 % мешавад.

  • Эльбор в машиностроении. Л., 1978;
  • Кремень З. И., Юрьев В. Г., Бабошкин А. Д. Технология шлифования в машиностроении. М., 2007;
  • Эфрос М. Г., Миронюк В. С. Современные абразивные инструменты. Л., 1987;
  • Коробко В. Н., Кузнецов А. И., Сычев М. М. Абразивные инструменты и шлифование. СПб., 2001.