Афсонагӯӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Афсонагӯӣ — як навъ санъати театри халқӣ, ки одатан дар мавридҳои фориғ будан аз корҳои рӯзмарра дар ҷамъомаду шабнишиниҳо бо мақсади таъмини фароғату истироҳати одамон ба вуқӯъ мепайвандад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Афсонагӯӣ дар замонҳои гузашта ба таври хеле васеъ ривоҷ дошт. Одамони синну солашон гуногун дар шаҳру ноҳия ва деҳот дар соатҳои истироҳат дар меҳмонхонаҳо, аловхонаҳо ва ё дар хонаҳои наздиконашон ҷамъ омада, ба гуфтану шунидани афсона машғул мешуданд ва ба ҳамин васила талаботи завқи бадеии худро қонеъ мегардонданд. Афсона гуфтану афсона шунидан хусусан шабҳои дарози зимистон дар ҷамъомадҳои серодам авҷ мегирифт, ки аҳаммият ва таъсири эстетикию маърифатбахшии афсонаҳо ҳам маҳз дар ҳамин гуна ҷамъомадҳо бештар эҳсос мегардид. Вале афсонагӯӣ бо ин ҳама ҷамъомадҳо ва шабнишиниҳо маҳдуд намешуд. Одамон ҳангоми сафарҳояшон дар тӯли роҳ низ афсонагӯӣ мекарданд, то ин ки роҳи сафарашон кӯтоҳ ва гузаштани вақт номаълум гардад. Аз рӯйи баъзе далелҳо афсонагӯӣ дар ҷараёни корҳои дастаҷамъӣ низ ба вуқӯъ мепайвастааст. Афсонагӯӣ барои хурдсолон ҳангоми зарурат низ маъмул буд. Масалан, С. Айнӣ аз афсонагӯ Тӯтапошшо ёдовар шуда менависад, ки «дар хурдсолиам ман ба шуг (матал) ва афсонашунавӣ бисёр ҳавас доштам. Дар ҳамсоягии мо як кампири ҳаштодсола буд, ки дар афсонагӯӣ монанд надошт».

Афсонаҳо дар сайри таърихӣ вобаста ба замону шароит такмил меёбанд, мутобиқат пайдо мекунанд ва ҳамчун санъати хос – «театри халқии афсона» шакл мегиранд. Дар гузашта афсонагӯйҳо дар бозор, майдон, чойхона, маърака, маҷлис ҳамчун ҳунарпеша дар «театри хурди сайёр»-и худ диққати шунавандагонро ҷалб мекарданд. Гӯянда ё ровӣ афсонаро чун ҳунарпеша бо маҳорати хосси худ нақл мекунад ва ҳангоми баён истеъдоди худро нишон медиҳад. Баъзе аз афсонагӯён табиатан зудҳаракат ҳастанд. Дар охири асри XIX дар кӯчаву бозорҳои Бухоро анъанаи афсонагӯӣ, қиссахонӣ ва амсоли ин ба мисли кишварҳои дигар форсизабон хеле роиҷ будааст. Афсонаҳо на танҳо андешаҳои тахайюлиро фарогир ҳастанд, балки дар онҳо зимни бозгӯ кардани афкори афсонавӣ ҳодисаву воқеоти таърихӣ низ ба назар мерасанд. Аз ин ваҷҳ афсонагӯӣ хусусияти таълимию тарбиявиро низ касб карда буд ва ба ин нисбат, тавре ки аз ишороти Аҳмади Дониш огоҳ мешавем, ӯ борҳо аз дарсҳо гурехта, дар чунин маҳфилҳо ширкат кардааст. Аз замонҳои қадим афсонагӯӣ на фақат дар байни мардум, балки дар дарбори амирон, вазирон, дар корвонсаройҳо, сайругаштҳо ва диг. маҳфилҳои бозорию хонагӣ ривоҷ дошт. Мисоли барҷастаи он «Ҳазору як шаб» аст, ки Шаҳрзоди афсонагӯ бо маҳорати гӯяндагии худ Шаҳрбозро аз бемории равонии «одамкушӣ» мераҳонад. Дар афсонагӯӣ ҳангоми нақли афсонаҳои тамсилӣ, маишӣ, ҳаҷвӣ ва сеҳрангезу пуртаваҳҳум унсурҳои театрӣ бештар зоҳир мегарданд. Афсонагӯҳо монанди ҳунарпешаи касбӣ ба овози персонажҳо тақлид мекунанд ва аз забони онҳо сурудҳои шӯх мехонанд, ба ҳаракати дастҳо, ваҷоҳати рӯй ва ишороти чашмон бадеҳакорӣ мекунанд. Аксар афсонаҳои маишӣ, лирикию сеҳрангезро занон ва тамсилоту ҳаҷвиётро мардон нақл мекунанд. Ҳоло ғайр аз афсонагӯҳои халқӣ ва ҳавасмандон, ҳунарпешагони касбӣ афсонаҳои саҳнавишударо ба воситаи телевизион барои бачаҳо (дар барномаи «Алла» ва ғайра) намоиш медиҳанд. Дар замони муосир аксари афсонаҳои пешин дар шакли филмҳои тасвирӣ (барои кӯдакону калонсолон) сабт гардида, ба маърази тамошо гузошта мешаванд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.127 / С. Ҳақдодов, Р. Раҳмонӣ.
  • Амонов Р. Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб. Д,, 1963;
  • Оби­дов Д. Афсонаҳои ҳаҷвии маишии тоҷикӣ. Д., 1978;
  • Гертхард М. Ис­кусство повествования. Литературное исследование «1001 ночи». М., 1984;
  • Путилов Б. Н. Эпическое сказительство. М., 1997;
  • Раҳмонӣ Р. Афсона ва жанрҳои диг. насри шифоҳӣ. Д., 1999;
  • Нурджанов Н. Традиционный театр таджиков. Т. II. Д., 2002.