Афсонак (ҷинси рустанӣ)
Намуди зоҳирӣ
| Афсонак (ҷинси рустанӣ) | ||||||||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Thermopsis lupinoides | ||||||||||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||||
|
Олам: Салтанат: Шоха: Синф: Тартиб: Оила: Зероила: Триба: Ҷинс: Афсонак |
||||||||||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||||||||||
| Thermopsis R.Br., 1811 | ||||||||||||||||||
| ||||||||||||||||||
Афсонак, мастӣ, мия (лот. Thermopsis) — ҷинси рустаниҳои бисёрсола, мансуби лӯибиёиҳо.
Барги сетогӣ ҷойгиршудаи дарозрӯя, гули зар], ғилофаки бисёртухма дорад. 20 намуди он дар Ҳимолой, Амрикои Шимолӣ ва дар Русия (6 намудаш дар Сибири Шарқӣ) Дар минтақаи алъпии ноҳияҳои Помири Шарқӣ, Ҳисору Дарвоз, Зарафшону Тоҷикистони Ҷанубӣ ду намуди афсонак (Thermopsis dolichocarpa, Thermopsis alpina) вомехӯрад. Намудҳои афсонак аз сабаби термопсин, ситизин, пахикарпин барин алкалоидҳо доштанашон заҳрноканд. Аз барг, поя, тухм ва решаи Thermopsis dolichocarpa алкалоидҳои термопсин, ситизин ва пахикарпин, кислотаҳои органикӣ мегиранд. Ҷӯшоб ва ҷавҳари фсонак дар тиб чун воситаи балғамовар истифода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Афсонак // А — Гавҳар. — Д. : СИЭСТ, 1978. — С. муаллиф М. Р. Расулова. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 1).
- Флора Таджикской ССР, т. 5, М.-Л., 1937;
- Юнусов С. Ю., Алкалоиды, Ташкент, 1974.