Аффект

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Áффект (аз лот. offectus – изтироби рӯҳӣ) — шадидтарин ва кӯтоҳтарин ҳаяҷонзадагӣ, фишори рӯҳӣ ва эҳсосот дар шахс, ки боиси хашм, тарс, навмедӣ ва ғайра гардида, шахс дар он ирода ва идораи худро барои чанд лаҳзае аз даст медиҳад. Дар ҳолати аффект хусусиятҳои зерин пайдо мешаванд: заифшавии амиқи шуур, амнезияи пурра ё ҷузъии хотир, вайроншавии идрок ва диққат. Пайдоиши ҳолати ффект ҳамеша бо вазъияти шароитҳои муҳимми ҳаёти инсон алоқаманд аст. Аффектро инчунин ангезандаҳои қавӣ, аз қабили истифодаи калимаи бемаврид, таҳқир, таҳдид, рафтори номатлуби одамони дигар ба вуҷуд меоваранд. Ба аффект бештар одамоне гирифтор мешаванд, ки силсилаи асабашон дар мувозанати қавӣ нест. Дар ҳолати аффект майдони фаъолияти шуур маҳдуд мегардад, яъне он ба доираи маҳдуду муайяни ашёву ҳодисаҳо равона мешавад. Амалҳои дар ҳолати аффект бавуҷудоянда хусусияти автоматӣ доранд. Аффект аз се зина иборат аст: зинаи тайёрӣ, таркиш ва баъди таркиш. Дар равоншиносӣ асосан аффекти патологӣ ва физиологиро ҷудо мекунанд. Аффект ҳамчун ҳолати сабуккунанда дар адабиёти ҳуқуқӣ тавсиф дода мешавад, зеро айбдоршаванда аз рӯйи барномаи пешакӣ банақшагирифта ҷиноятро содир намекунад, балки ҳаракату рафторҳои ӯ зери таъсири шароитҳои ногаҳонӣ сурат мегиранд. Ҳолати аффект бо сонияҳо чен карда мешавад. Устувории ҳолати аффект аз дараҷаи ахлоқи шахс вобаста аст. Аз сабаби он ки аффект имкони танзими ҳудуди рафторро ниҳоят маҳдуд менамояд, тавсияҳо оид ба бартарафсозии он дар амалияи педагогӣ ва муолиҷаи рӯҳӣ мақсади пешгирикунӣ дорад. Ҳолати аффектро бо роҳи бартараф намудани вазъиятҳои онро бавуҷудоваранда, иҷрои амалҳои диққатро ба дигар тараф ҷалбкунанда ва ғайра пешгирӣ кардан мумкин аст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.129
  • Краткий психологический словарь. М., 1984;
  • Луғати мухтасари истилоҳоти педагогика. Д., 1988;
  • Новая российская энсиклопедия. Т. II. М., 2005;
  • Қодиров Қ. Б., Давлатов М. Т., Расулов С. Х. Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ. Д., 2008.