Афшин Муқим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Афшини Муқим)
Афшин Муқим
Ном ҳангоми таваллуд Афшин
Таърихи таваллуд 16 феврал 1992(1992-02-16) (32 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Пеша рӯзноманигор
Ҷоизаҳо

Афшин Муқим (зод. 16 феврали 1992, ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, Тоҷикистон) — рӯзноманигори тоҷик, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2020). Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2018).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Афшин Муқим 16 феврали соли 1992 дар ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 2014 бо ихтисоси шарқшинос-филолог хатм кардааст[1].

Фаъолияти корӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 2011—2012 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2012 то соли 2015 дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» фаъолият кардааст. Аз 3 феврали соли 2014 дар вазифаи котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад[1].

Аз соли 2018 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Афшин Муқим дар соли 2020 бо нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст[2].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Афшини Муқим – котиби матбуотии кумита. din.tj. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим (2 май 2014). 26 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 апрели 2021.
  2. Дар АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (11 марти 2020). 26 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 марти 2020.