Афшура

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Афшураи афлесун
Афшураи афлесун

Афшурá — афшурда, асир, оби мева, нӯшобаест, ки аз мева ва ғуҷуммеваи тару тоза тайёр карда мешавад.

Истеҳсол[вироиш | вироиши манбаъ]

Вобаста ба тарзи истеҳсол ва сифати мева афшура соф, тира ва ғализ мешавад. Барои гирифтани афшураи соф ва тира меваро шуста, реза мекунанд. Баъд онро фишурда, шираашро мегиранд ва соф менамоянд. Афшураи тира, маъмулан, такшон ё бо полован (сепарат) тоза карда мешавад. Ҳангоми тайёр кардани афшураи тилфдор меваро то нарм шуданаш гарм мекунанд ва баъд аз элак соида мегузаронанд (дар натиҷа донак, думчаи мева, пӯст ва диг. қисмҳои нодаркори он ҷудо мешавад). Сипас тилфи аз элак гузарондаро бо мақсади яксон шуданаш бо асбобҳои махсус (гомогенизаторҳо) майда мекунанд. Афшура аз як ё якчанд навъи мева ҳосил карда мешавад.

Таркиб[вироиш | вироиши манбаъ]

Афшураҳои таркиби кимиёишон гуногунро бо ҳам омехта, хуштаъму гуворо мегардонанд. Дар таркиби афшура тамоми моддаҳои муҳимми ғизоии меваҷот (қанд, кислотаҳои органикӣ, витаминҳо, намакҳои маъданӣ, моддаҳои пектинӣ ва хушбӯй) мавҷуданд. Афшураҳое, ки тилфи мева доранд, нисбатан серғизо буда, хуштаъму гуворо мебошанд. Афшураҳои соф ва тира 5–15% қанд, 0,3–80% кислотаҳои органикӣ ва афшураҳои қанддор 10–15% қанд ва 0,2–2,0% кислотаҳои органикӣ доранд. Дар таркиби бештари афшураҳо витамин, алалхусус витамини С, инчунин намакҳои калий, калсий, натрий, магний, оҳан, фосфор, хлор, алюминий, манган, мис ва бисёр аносири зарравӣ (микроэлементҳо) мавҷуданд.

Шифобахшӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Афшураҳо бинобар дар таркиби худ надоштани клетчатка дар организм зуд ҳал мешаванд ва шифобахшанд. Дар афшураи себ миқдори қанд, пектин ва намакҳои оҳан хеле зиёд аст; ҳангоми бемории роҳҳои ҳозима ва исҳоли хунин судманд буда, ғалаёни хунро паст мекунад. Каротини афшураи зардолу барои сабзиш ва инкишофи муътадили организм муфид аст. Афшураи олу ташнагиро шикаста, хӯрокро зуд ҳазм менамояд. Афшураи ангур нӯшокии пурқимати табиист ва хусусияти басо муфиди парҳезӣ дорад. Афшура алалхусус барои кӯдакон, модарон ва шахсони ҷисмашон за­иф муфид аст.[1]

  1. Афшураи табии- ин афшурае, ки бе иловаи шакар ва консентратхо истеҳсол шудааст.
  2. Афшураи куражи- омехта ин намуди афшура омехтаи фишурдаи меваҳои гуногун мебошад.
  3. Афшура бо иловаи канд ё шакар, киём бо максади баланд бардоштани канднокии афшура ва ё махинтарин шудани тамъи туршии баъзе намудҳои он ба массаи асоси шакар илова мекунанд.
  4. Афшураи туршонида - дар натичаи кисмон ва ё пурра ба спирт мубаддал ёфтани канди мева ва ё сабзавот истеҳсол мешавад.
  5. Афшураҳои гализ кардашуда - аз афшураи табии шафоффкарда шуда бо бугрони кардани намнокии онҳо истеҳсол карда мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.130
  • Самсонова А. Н. Фруктовые и овощные соки. М., 1990;
  • Леоненко И. И. Плодоовощеводство. М., 1992.