Афғонобод
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Афғонобод | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | НТҶ |
| Ноҳия | Ҳисор |
| Ҷамоат | Деҳоти Сомон |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 692 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3139 |
| Нишонаи почта | 735020 |
|
|
|
Афғонобод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор. Аз Афғонобод то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 692 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Ном
[вироиш | вироиши манбаъ]Сабаби «Афғонобод» ном гирифтани деҳа он аст, ки аввалин ободкунандагони он халқияти паря, ки забонашон ба гурӯҳи ҳиндии забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад ва худро миллати афғон меҳисобанд, мебошанд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳоло дар Афғонобод мактаби асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, осиёби обӣ, мағоза, 2 осиёби барқӣ, ҷувози обӣ, панҷ ҷувози барқӣ ва масҷид фаъолият доранд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Хонақоҳ обёрӣ мешаванд[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Д.: "Ирфон", 2015, — С. 141-142