Ахбору-з-замон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури холии Викидода

«Ахбóру-з-замóн» (ар. اخبار الزمان‎; номи пуррааш «Ахбору-з-замон ва ман абадаҳу-л-ҳадасону мина-л-умами-л-мозияти ва-л-аҷёли-л-ғобирати ва-л-мамолики-д-доси­ра­ти» («Хабарҳои замон ва онҳое аз умматҳои гузашта, наслҳои қадим ва кишварҳои азбайнрафта, ки ҳаводис онҳоро аз байн бурдааст»)) — асари бузурги Абулҳасан Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ал-Масъудӣ (вафот 957) дар фанни таърих.

Муҳтаво[вироиш | вироиши манбаъ]

«Ахбору-з-замон» ба забони арабӣ таълиф шудааст. Он иборат аз 30 муҷаллад дар 30 фан аст. Муаллиф дар он аз гуфтор дар бораи ҳайъати замин, шаҳрҳо, кӯҳҳо, рӯдҳо ва маъданҳои он оғоз карда, сипас ба ахбори биноҳои бузург, ибтидои ҳаёт, асли насли одамӣ, иқлимҳо ва гуногунии мардумон иттилоъ дода, баъд ахбори подшоҳони қадим, мардумони аз байнрафтаи қарнҳои гузашта ва ахбори анбиёро ироа ва воқеаҳову ҳаводиси таърихиро сол ба сол пайгирӣ мекунад ва то ба замони таълифи китоби дигари худ «Муруҷ-уз-заҳаб» (943) оварда, китоб­ро ба поён мерасонад. Баъд аз ин муаллиф «Китоб-ул-авсат»-и худро менависад, ки ончиро, ки дар китоби аввал ба шакли муфассал баён карда буд, дар ин китоб ба шакли кӯтоҳтар баён карда, номи онро «Китоб-ул-авсат» номидааст. Сипас аз он мухтасаре тартиб дода, «Муруҷ-уз-заҳаб» ном ниҳодааст. Масъудӣ дар «Муруҷ-уз-заҳаб» ҳар гоҳ ҳодиса ва воқеаеро ба таври мухтасар баён мекунад, ёдовар мешавад, ки шакли муфассали он дар китоби «Ахбору-з-замон» омадааст, бояд ба он ҷо муроҷиат карда шавад.

Нусхаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз «Ахбору-з-замон»-и Масъудӣ ҳамагӣ як нусха аз ҷилди аввали он боқӣ мондааст, ки ба шакли дастхат дар китобхонаи шаҳри Вена маҳфуз аст ва то ба имрӯз аз 29 ҷилди боқимондаи он хабаре нест.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • ابوالحسن علی بن الحسین بن علی المسعودی. مروج الذهب و معادن الجوهر. ج ۴-۱، مصر، ۱۹۶۴.۲.
  • حاجی خلیفة. کشف الظنون عن اسامی الکتب و الفنون. ج.۱. بیروت، ۲۰۰۷