Ахтаршиносии фарокаҳкашонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шабеҳсозӣ: бархурд ва таъсиррасонии галактикаҳо

Ахтаршиносии фарокаҳкашонӣ, астраномияи берунигалактикӣ — фасли ахтаршиносӣ, ки галактикаҳо ва дигар ҷирмҳои кайҳонии берун аз Галактикаи моро меомӯзад.

Соҳаҳои омӯзиш[вироиш | вироиши манбаъ]

Соҳаи омӯзиши ахтаршиносии беренигалактикӣ инҳоанд:

  1. дар асоси мушоҳидаҳо омӯхтани табиати физикавии галактикаҳо;
  2. омӯзиши омории маҷмӯи галактикаҳои мушоҳидашавандаи Коинот;
  3. омӯзиши сохти умумӣ ва бо мурури замон тағйир ёфтани қисми мушоҳидашавандаи Коинот.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 20 садаи XX, баъди он ки мавқеи берунигалактикии аксар меғҳо (туманот)-и гунбади осмон ба таври қатъӣ муайян гардид, ахтаршиносии беренигалактикӣ ба соҳаи нави ахтаршиносӣ табдил ёфт. Маълум гардид, ки меғҳои берунигалактикӣ, ба монанди Галактикаи мо силсилаҳои азими осмонӣ будаанд. Галактикаҳо аз сабаби дар масофаҳои дур воқеъ будан ба назари заминиён чун доғҳои меғҳои хеле хурд намудор мешаванд. Маҷмӯи ҳамаи галактикаҳоро метагалактика меноманд. Нур ва радиомавҷҳое, ки аз объектҳои берунигалактикӣ то Замин меоянд, барои омӯхтани табиати онҳо воситаи асосианд. Барои ин телескопҳои оптикӣ ва радиотелескопҳоро истифода мебаранд. Инкишофи таҳқиқоти кайҳонӣ сабти афканишоти рентгенӣ ва ҳатто ҳастаии (гаммаафканишот, афканишоти нейтриноӣ) объектҳои берунигалактикиро имконпазир мегардонад. Дар асоси усулҳои ахтаршиносии беренигалактикӣ аз рӯйи афканишоти объектҳо тавсифи хоссаи онҳо, хусусиятҳои алоҳида, равандҳои дар онҳо рӯйдиҳанда ва масофаашонро муайян кардан мумкин аст.

Дар давоми чандин сол объектҳои омӯзиши ягонаи ахтаршиносии беренигалактикӣ галактикаҳо буданд. Дар солҳои 60 садаи XX объектҳои нави берунигалактикӣ — квазарҳо (манбаъҳои квазиситорагии радиоафканишот) кашф гардиданд. Ҳаҷми онҳо аз галактикаҳои муқаррарӣ миллиардҳо маротиба хурд буда, вале иқтидори радиоафканиши онҳо аз иқтидори калонтарин радиогалактика чандин карат зиёд мебошад. Кашфи квазарҳо комёбии барҷастаи радиоастрономияи берунигалактикӣ гардид. Кашфиёти дигари ахтаршиносии беренигалактикӣ — дар Коинот вуҷуд доштани афканишоти заминавии микромавҷӣ низ шоёни диққат аст. Ин афканишоти заминавиро зуҳуроти боқимонда, яъне раванди шуоъафкании марҳалаи «сардшудаи» зинаи аввали («тафсони») инкишофи қисми мушоҳидашавандаи Коинот мешуморанд ва онро афканишоти реликтӣ (яъне боқимонда) меноманд.

Солҳои 30 садаи XX бо ёрии мушоҳидаҳои оптикӣ ҳодисаи азҳамгурезии умумии галактикаҳо кашф шуд, ки ин боиси ба миён омадани мафҳуми нав — Коиноти васеъшаванда гардид. Маълумоти мушоҳидаҳои оптикӣ ва радиоастрономӣ собит карданд, ки қисми бузурги мушоҳидашавандаи Коинот (радиусаш якчанд млрд пк) миқдори зиёди галактикаҳо, квазарҳо ва нурҳои парокандаро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи таркиши ибтидоии объекти бағоят зичу тафсон ба вуҷуд омадааст. Ин манзараи инкишофи қисми мушоҳидашавандаи Коинот намунаи (модели) «Коиноти тафсон» ном гирифт. Асрори пайдоиши ситораҳо ва галактикаҳо дар Коиноти васеъшаванда то ҳол комилан ошкор нашудааст. Муқаррар гардидани манзараи умумии қисми мушоҳидашавандаи Коинот ва андозаҳои он, муайян шудани тавсифоти миёнаи объектҳои кайҳонӣ (галактикаҳову квазарҳо) ва тақсимоти онҳо дар фазо, омӯзиши бисёр ҷиҳатҳои равандҳои динамикие, ки дар галактикаҳо сурат мегиранд, ҳама аз комёбиҳои ахтаршиносии беренигалактикӣ ахтаршиносии беренигалактикии садаи XX маҳсуб мешаванд.

Омӯзиши фарокаҳкашонӣ дар Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Институти астрофизикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан омӯзиши масъалаҳои назариявии динамикаву таркиби галактикаҳо ва ҳалли мушкилоти космология таҳқиқ мешаванд. Кормандони илмии Институти М. Н. Махсумов, Л. С. Мирочник, А. А. Сучков ва дигар усулҳои таҳқиқи динамика ва таҳаввули силсилаи зарраҳои барнахӯранда ва ҷозибавӣ алоқамандро омӯхта, шакли динамикии таъсири мутақобилаи ҷозибавии маҷмӯи ситораҳоро дар галактикаҳо ҳамчун дар системаҳои оморӣ омӯхтанд. Инчунин пайдоиши сохтори асоси (фундаменталӣ)-и спиралии галактикаҳо таҳқиқ ва назарияи умумии ошӯбҳои спиралии зичии ситораҳо такмил дода шуда, таснифоти галактикаҳои спиралии нормалӣ аз рӯйи шакли спиралиашон ба се зерсинф ҷудо ва бунёди ягонаи динамикии таснифоти морфологии галактикаҳо, ки ба Ҳаббл ва Ван ден Берг мансубанд, ошкор карда шуд. Таҳқиқоти комплексҳои ташаккули ситораҳо дар галактикаҳо (Ф. С. Соҳибов) нишон дода, ки мавҷҳои спиралии зичии галактикаҳо на танҳо ба хосиятҳои ҳаракати ситораҳо ва гази фазои бай­ниситоравӣ, балки ба хусусияти равандҳои ташаккули ситораҳои дертар пайдошуда таъсир мекунанд. Дар Расадхонаи Ҳисор бо ёрии астрографи фарохзовия дар галактикаҳои дигар ситораҳои навтарин ҷустуҷӯ доранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Засов. А. В., Постнов К. А. Общая астрофизика. Фрязино, 2006;
  • James Binney. Galactic Astronomy. Princeton, 1998. М. Махсумов.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]