Ахфаши Авсат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ахфаши Балхӣ)
Ахфаши Авсат
Таърихи таваллуд 755[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 830[2]
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ арабӣ, Arabic literature[d] ва қироат

Абулҳасан Саид ибн Масъада Балхӣ Басрӣ маъруф ба Ахфаши Авсат, ар. الأخفش الأوسط‎; ? — 830) — забоншинос ва арӯздон ва орифи эронитабори , шогирди Халил ибни Аҳмад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ҷумлаи аввалин муҳаққиқонест, ки назми классикии арабро омӯхта, истилоҳоти сарф, наҳв ва арӯзро сохтааст. Асараш доир ба сарфу наҳв «Китоб-ул-иштиқоқ» ном дорад. Дар асрҳои миёна аз рӯйи ин китоб дар мадрасаҳо сарфу наҳвро меомӯхтанд. Ахфаши Балхӣ инчунин доир ба арӯзу қофия асарҳо дорад («Китоб-ул-арӯз», «Китоб-ул-қаво­фӣ», «Ки­тоб-ул-маонӣ-уш-шеър» ва ғайра). Чанде аз муаллифоне, ки доир ба сарфу наҳви арабӣ китоб навиштаанд, аз он ҷумла Абдурраҳмони Ҷомӣ ӯро чун асосгузори ин илмҳо эътироф кардаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]