Ашкбӯс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ашкбус)
Ашкбӯс
Нигораи Ашкбӯс дар Шоҳномаи Таҳмосбӣ

Ашкбус (форсӣ: اشکبوس‎) — яке аз ашхоси «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, паҳлавоне аз лашкари Комуси Кашонӣ, ки дар сафи турониён ба муқобили лашкари Эрон меҷангид. Марди далеру пурзӯр буд. Амалиёти Ашкбус дар фасли «Разми Рустам бо Ашкбус»-и «Достони Комуси Кашонӣ» оварда шудааст. Дар фасли «Разми Рустам бо Ашкбус» на танҳо ҷанги тан ба тани паҳлавонон, балки разми онҳо бо сухан (муколама) тасвир ёфтааст. Ашкбус дар яке аз ҷангҳои байни лашкари Эрону Турон ба дасти Рустам кушта шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ. 4. Д., 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]