Ашрафи Мароғаӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
أشرف
Абуалӣ Ҳусайн ибни Ҳасани Мароғаӣ
Санаи таваллуд:

асри XV

Зодгоҳ:

Бағдод

Санаи марг:

1459(1459)

Маҳалли марг:

Табрез

Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

шоир, донишманд

Забони осор:

порсӣ

Ашраф (форсӣ: أشرف) Абуалӣ Ҳусайн ибни Ҳасани Мароғаӣ ( вафоташ соли 1459) — шоири форсу-тоҷик. Бо номи Дарвеш Ашрафи Хиёбонӣ низ машҳур аст. Бо писари ҳоким Қарақуюнлу Ҷаҳоншоҳ (асри 15) шоҳзода Пир Будоғхон дӯстӣ дошт ва дар Бағдод зиндагӣ мекард. Пас аз вафоти ин шоҳзода ба Табрез омад ва то охири умр дар ҳамин ҷо умр ба сар бурд. Ашраф идомадиҳандаи равияи эҷодии Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ мебошад. Дар пайравии Низомии Ганҷавӣ панҷ достон – «Хамса» тартиб додааст, ки аз достонҳои «Минҳоҷу-л-аброр» (4260 байт; дар пайравии «Махзану-л-асрор»), «Риёзу-л-ошиқин» (7713 байт; дар пайравии «Хусраву Ширин»), «Ишқнома» (3338 байт; дар пайравии «Лайлию Маҷнун»), «Ҳафт авранг» (3775 байт; дар пайравии «Ҳафт пайкар»), «Зафарнома» (4544 байт; дар пайравии «Искандарнома») иборат аст. Ашраф вобаста ба давру замони худ, сабки эҷодаш ба достонҳои «Хамса» навгониҳо ворид намудааст. Масалан, дар «Ишқнома» ӯ аз забони қаҳрамонон ғазалҳо овардааст. Ҳамин ҷиҳати кори ӯ дар достонҳои шоири озарбойҷонӣ Муҳаммад Фузулӣ (асри 16) идома ёфтааст. Шоирону адибон, махсусан Алишери Навоӣ («Маҷолису-н-нафоис») ба «Хамса»-и Ашраф баҳои баланд дода, онро яке аз беҳтарин назираҳо донистаанд. Дар чор девони Ашраф– «Унвон-уш-шабоб», «Хайру-л-умур», «Боқиёту-с-солеҳот», «Муҷаддадоту-т-таҷаллиёт» қасидаҳо, ғазалҳо, қитъаҳо, рубоиҳо ва ғ. фароҳам омадаанд. Асари Ашраф «Сад панди Алӣ» тарҷумаи манзуми сад ҳикматест, ки ба Алӣ ибни Абитолиб нисбат дода мешаванд. Абёти зерин намунае аз ашъори Ашраф мебошанд:

Беҳунарӣ мояи сад ғам бувад,
Сад ҳунар аз одамие кам бувад.
Хоҳам, ки чӯби тир шавам, то ту гоҳ-гоҳ,
Дар ҳоли ман ба гӯшаи чашмат кунӣ нигоҳ.

Адабиёт[вироиш]

  • Афсаҳзод А. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ. - Д., 1970;
  • Алиев Г. Ю. Темы и сюжеты Низами в литературах народов Востока. - М., 1985./Ҳ. Қаландаров.

Манбаъ[вироиш]