Абдулло Ашӯров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ашӯров Абдулло)
Абдулло Ашӯров

Ашуров Абдулло Дустмухамедович (1904, Хуҷанд — 23.11.1976, Душанбе) — рассоми тоҷик.


Хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Тошканд (1922) ва Академияи рассомии шаҳри Ленинград (1924). Фаъолияти эҷодии А. Ашӯров асосан портретнигорист. Портрети маорифпарвар Беҳбудӣ, шоир Мирмуллоев, ҳунарпеша Аброр Ҳидоятов ва ғ. аз ҷумлаи офаридаҳои солҳои аввали эҷодиёти ӯянд. «Автопортрет»-и ӯ, ки соли 1940 кашида шудааст, аз намунаи беҳтарини портретҳои офаридааш мебошад. Рассом ғайр аз портретнигорӣ мусаввараҳои гуногунжанру рангинмавзӯъро низ офаридааст, ки дар ҳар давру замон ҳадафи иҷтимоию сиёсии худро доштаанд. Соли 1944 А. Ашӯров мусаввараи «Ба ивази ҷанго­ва­рон»-ро эҷод мекунад, ки дар он як саҳнаи ниҳоят пурҳаяҷони зиндагии мардуми ақибгоҳи солҳои ҷангтабиӣ ва дилчасп тасвир ёфтааст. Рассом ғайр аз тасвири мавзӯъ ва мазмунҳои замонавӣ ("Аълочиёни синфи «5», 1947, Музейи халқҳои Шарқ, шаҳри Маскав; «Портрети муаллим», 1955, Музейи кишваршиносии Хуҷанд; «Гӯсфандони ҳисорӣ»,1947; «Пахтакорони Восеъ», 1971; «Қӯтоспарварон») ба мавзӯъҳои таърихӣ низ рӯ оварда, мусаввараҳои зебо офаридааст. А. Ашӯров ширкаткунандаи намоишҳои гуногуни байналмилалист. Бо медалҳо сарфароз гардидааст. Узви ИР ИҶШС (аз соли 1945).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]