Jump to content

Аэровокзал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АЭРОВОКЗÁЛ, биноест дар фурудгоҳ (аэропорт) барои хидматрасонӣ ба мусофирони нақлиёти ҳавоӣ, иншооти асосии мусофиркашонӣ, ки дар қисми марказии фурудгоҳҳо ҷойгир аст. Ба таркиби аэровокзал дохил мешаванд: перрони истгоҳи тайёраҳо, биноҳои хидматрасонии тех­никӣ, сехи тайёркунии ғизо, меҳмонхона, нуқтаи фар­мондиҳию диспетчерӣ, майдони истгоҳи нақлиёти шаҳрӣ. Аэровокзали хатсайрҳои дохилӣ ва хатсайрҳои байнал­милалӣ мешаванд. Дар аэровокзал ба мусофирон хидматҳои зерин расонда мешаванд: фурӯш ва бақайдгирии чиптаҳо, қабул, бақайдгирӣ, таҳвил ва додани бағоҷҳо, маълумотдиҳӣ оид ба парвозу фурӯдоии тайёраҳо; хидматрасонии маишӣ, почтавӣ, тиббӣ ва ғ. Дар аэровокзали хатсайрҳои байналмилалӣ назорати сарҳаддии шиносномаҳо ва тафтиши гумрукии бағоҷ низ ба роҳ монда шудааст. Дар аэровокзал инчунин толорҳои интизорӣ ва омодагӣ ба парвоз, хазина, нуқтаҳои савдо, қаҳвахонаву тарабхона, бағоҷхона, ҳуҷраи модару кӯдак, шуъбаи алоқа, таҷҳизоти муҳандисию техникӣ, қароргоҳи нозирони тартибот ва ғ. мавҷуданд. Андозаи аэровокзал ба миқдори тайёраҳо ва ҳаҷми мусофиркашонӣ вобаста аст. Барои сабук кардани бори фурӯдгоҳҳо ва бароҳатии мусофирон дар шаҳрҳои калон аэровокзали шаҳрӣ месозанд, ки дар онҳо тамоми рафти қабулу қайдҳои то парвоз анҷом дода, мусофирон дар автобусҳои махсус аз ин аэровокзалҳо то назди тайёра расонда мешаванд. Аввалин аэровокзалҳоро солҳои 1922–23 дар Париж ва Берлин сохтаанд. Баъди пайдо шудани тайёраҳои калон дар шаҳрҳои азими Иттиҳоди Шӯравӣ аэровокзалҳо бино шуданд. Дар Душанбе сохтмони аэровокзали замонавӣ дар назар аст. Ҳоло (2012) дар фуруд­гоҳҳои Душанбе сохтмони терминали байналмилалии замонавӣ идома дорад. М. Шарифзода.