Jump to content

Аэроионшифоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

АЭРОИОНШИФОӢ, табобат ба воситаи ҳавои иондор. Аэроионшифоӣ ба хосияти атому молекулаҳои газ ва зарраҳои хурдтарини моддаҳои таркиби ҳаво (аэрозолҳо), ки зери таъсири афканишоти радиоактивии аносир (элементҳо), афканишоти ултрабунафш ва рантгенӣ, шуои кайҳонӣ, ҷараёни барқ, манбаи ҳарор. баланд ва ғ. заряди барқӣ пайдо мекунанд, асос ёфтааст. Таъсири дармонбахши аэроионҳо ба фаъолияти баланди кимиёвии аэрозолҳо ва моддаҳои газшакл (молекулаҳои оксиген, ки ба осо­нӣ заряди манфӣ пайдо мекунанд, молекулаҳои гази карбонати мусбатзаряд ва ионҳои заррааносир – микро­элемент­ҳои ҳаво вобаста аст. А. бар ду навъ – табиӣ ва сунъӣ мешавад. Бо мақсади Аэроионшифоии табиӣ одам бояд рӯзҳои дароз дар ҷойҳои ҳавояш софи иондор (кӯҳҳо, ҷангалзор, наздикии шаршараҳо, соҳили дарёҳои тезоб, гейзерҳо, баҳрҳо ва ғайра) зиндагӣ кунад. Дар натиҷа қобилияти корӣ афзуда, бисёр бемориҳо шифо меёбанд, организм бо оксиген таъмин мегардад. Аэроионшифоии сунъӣ ба тавассути аэроионизаторҳо сурат мегирад. Дар 1 см3 ҳавое, ки аз аэроионизатор ба роҳи нафас ё пӯсти бемор дохил мешавад, то як миллион аэроион мавҷуд аст. Аэроионшифоиро барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, ихтилоли асаб, бемориҳои роҳи нафас, шуш ва ғ. истифода мебаранд.