Аэрофитҳо
Jump to navigation
Jump to search
Хатои Lua: bad argument #2 to 'formatDate' (not a valid timestamp).
![]() |
АЭРОФИТҲÓ (аз аэро... ва phyton – рустанӣ), рустаниҳое, ки аз ҳавои муҳит ғизо мегиранд. Ба аэрофитҳо баъзе рустаниҳои гулдори ҷангалзори намноки тропикӣ мансубанд. Аэрофитҳо дар шоху навдаи дигар дарахтон рӯйида, моддаҳои ғизоиро аз ҳаво мегиранд. Решаи аэрофитҳо фақат вазифаи устувор нигоҳ доштанро адо мекунад. Аз рустаниҳои бегул ба аэрофитҳо баъзе ушнаҳо, обсабз ва гулсангҳо, ки дар тана ва шохаи дарахтон (дар ҷойҳои тропикӣ ҳатто дар барг) дучор мешаванд, мансубанд. Гулсангу ушнаҳои аэрофитӣ дар вақтҳои хушксолӣ ба ҳолати анабиоз меафтанд.
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.