Аёзқалъа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аёзқалъаи № 1 дар болои теппа, Аёзқалъаи № 2 дар теппаи алоҳидаи поёнӣ

Аёзқалъа — харобаи се қалъа дар ноҳияи Берунии Қарақалпоқистон, ки ба асрҳои 4 – 2 то м. тааллуқ дорад. Соли 1937 экспедитсияи Хоразм ҳафриёти археологӣ ва тадқиқоти онро оғоз кард. Қалъаи сеюм муфассалтар омӯхта шуд. Вусъаташ 260 х 180 м буда, аз саҳни ҳавлӣ ва 40 хона иборат аст. Вусъати умумии хонаҳо 2400 м2. Девори хонаҳо аз хишти хоми чоркунҷа бардошта шудааст. Дар Аёзқалъа ашёи сафолӣ, олоти меҳнат, аслиҳа, тангаҳои мансуб ба давраи Кушониён, аз ҷумла тангаи Канишка ёфт шудаанд. Аёзқалъа дар он замон дар шимоли шарқии Хоразм яке аз истеҳкомҳои муҳим буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]