Ақд (никоҳ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ақдаҳд, созиш, гиреҳ, паймон ва истилоҳи динӣ, ин ҷо асосан ба маънои никоҳ аст. Ақди никоҳ бастан яке аз талабҳои муҳими тарзи ҳаёти мусулмонӣ буда, ин маросим барои домодшаванда ва арӯсшаванда бояд дар ҳузури мулло ва падарвакилҳо сурат гирад. Мулло ҳангоми бастани ақд вазифадор аст, ки пас аз хондани хутбаи никоҳ розигии тарафайнро се маротиба пурсон шавад. Дар сурати хомӯш мондани арӯсшаванда ба ҷои ӯ розигии яке аз ҳамроҳон ва ё падарвакили ӯ низ кифоя аст. Ақди никоҳ ҳамон вақт иҷобат мегардад, ки агар тарафайн аз қонуну қоида ва талаботи ислом роҷеъ ба ҳаёти оилавӣ пурра бохабар бошанд. Нигар низ Никоҳ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]