Аҳад Очилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Аҳад Очилов
Аҳад Очилов
Зодгоҳ

СамарқандҶШС Узбекистон

Шаҳрвандӣ

Парчами Тоҷикистон, Тоҷикистон

Ҷоизаҳо

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948)

Аҳад Очилов (1912, м. Хоҷа Аҳрори Валии н. Самарқанд – 14.11.1989, ш. Душанбе), корм. ҳизбию давл., Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948).

Зиндагинома[вироиш]

Аҳад Очилов техн. педагогии Самарқандро хатм кардааст (1931). Муаллими мак. ибтидоии ш. Самарқанд (1931-32). С. 1932 ба Сталинобод (ҳоло –Душанбе) омадааст. Котиби Суди Олии Тоҷикистон (1932-1933), судяи суди халқии н. Ҳисор (1933), инструктори комиҷроияи ш. Сталинобод (1934-35), кот. деҳшӯрои Регар (ҳоло – Турсунзода,1935-36), хизмат дар сафи қӯшуни сарҳадии Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (1936-37), инспектори ҳарбӣ (1937-38), кот. масъули комиҷроияи н. Регар(1938-39), муов. раиси к/з (1939), муд. Шӯъбаи молияи н. Регар (1939-41), инструктори комиҷроияи вил. Сталинобод (1941-42). С. 1942-46 – хизмат дар сафи Арм. Сурх. Баъди анҷоми ҶБВ – раиси комиҷроияи н. Орҷоникидзеобод (ҳоло – Ваҳдат, 1946-50), шунавандаи мак. ҷум.-явии ҳизбии назди КМ ПК (б) Тоҷикистон (1950- 1952), кот. якуми ком. ҳизбии н. Ҷиликӯл (1952-53), кот. якуми ком. ҳизбии н. Орҷоникидзеобод (1953-56), дир. МТС (1956-58), дир. Иттиҳодияи Селхозтехника (1959-61), раиси Шӯрои байниколхозии н. Орҷоникидзеобод (1963-69), сардори шӯъбаи маъмурию хоҷагии Ваз. хоҷагии оби Тоҷ. (1969-70), сардори шӯъбаи истифодаи автобазаи №16 ш. Душанбе (1970-75), ҷон. дир. фабрикаи мурғпарварии н. Орҷоникидзеобод (1975-80), сардори шӯъбаи назорати заводи механикии н. Орҷоникидзеобод (1981-84), дир. истироҳатгоҳи АИ Тоҷикистон (1984-86).

Мукофот[вироиш]

Бо ду ордени Ленин, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медали «Барои Ғалаба бар Германия дар с. 1941- 1945», «Барои меҳнати шуҷоатнок», «20-солагии Ғалаба бар Германия дар ҶБВ-ии с. 1941-1945», 50-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР, медали тиллоӣ ва нуқрагини НКХХ, «Ветерани меҳнат» ва ғ. мукофотонида шудааст.[1]

Пайвандҳои беруна[вироиш]