Jump to content

Аҳдномаи Брюссел

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳдномаи Брюссел
Договор о создании Единого Совета и Единой Комиссии Европейских Сообществ
Тип договора Слияние судебных, законодательных и административных органов трех европейских сообществ
Дата подписания 8 апрели соли 1965
— место Брюссел, Белгия
Вступление в силу аз 1 июли соли 1967
Подписали Внутренняя Шестёрка

Аҳдномáи Брюссел (англ. Brussels Treaty[1]) — шартнома дар бораи фаъолияти якҷо дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва худмудофиаи дастаҷамъӣ, ки 17 марти 1948 ба тасвиб расида, мутобиқи Аҳдномаи Париж аз 23 октябри 1954 ба он тағйирот ворид гардидааст.

Аҳдномаи Брюссел ба таъсиси Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ ҳамчун ташкилоти ҳамкории мудофиавии 10 давлат (Белгия, Британияи Кабир, Олмон, Юнон, Испания, Итолиё, Люксембург, Нидерланд, Португалия ва Фаронса) асос гузоштааст. Таъсиси ташкилоти ҳарбию сиёсии мазкур аз рӯйи зарурат ба амал омадааст. Масъалаи таъмини амнияти кишварҳои Аврупои Ғарбӣ баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ду хосияти асосиро касб намуда буд. Аввалан, давлатҳои минтақа намегузоштанд, ки Олмон иқтидори эҳтимолии хешро эҳё намояд ва ҳамчун давлати бузурги эҳтимолӣ ба амнияти давлатҳои дигар таҳдид намояд. Баъдан, «таҳдиди шӯравӣ ва низоми коммунистӣ» давлатҳои минтақаро водор менамуд, ки муттаҳид шаванд. Зеро ҳеч кадоми онҳо аз ин ду навъи хатар худро дар танҳоӣ дифоъ карда наметавонистанд. Дар шартнома мақоми асосиро худмудофиаи дастаҷамъӣ ишғол менамуд. Давлатҳои узви шартнома дар асоси моддаи 51 Ойинномаи СММ ҳадафи асосии созмонро муайян намуда буданд. Аммо бо таъсиси Ташкилоти Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ҳолати дигар ба амал омад. Аҳдномаи Брюссел низоми амалисозиро муайян накарда буд. Аз ин хотир, бештари вазифаҳои он ба ихтиёри НАТО гузаштанд. Аз ин сабаб Аҳдномаи Париж ба раванди амалисозии Аҳдномаи Брюссел тағйирот ворид намуд. Пас аз он ба ин аҳднома Олмони Ғарбӣ ва Итолиё низ ҳамроҳ гардиданд.

Аҳдномаи аз нав таҳияшуда аз преамбула ва 12 модда иборат аст. Он як қатор ҳолатҳои хоссаро касб намудааст, ки асоситарини онҳо Муоҳида дар бораи мақоми Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ мебошад. Дар солҳои «ҷанги сард» фаъолияти НАТО ба куллӣ амали Иттиҳоди Аврупои Ғарбиро ноаён гардонда буд. Фақат аз нимаи солҳои 80 асрҳои 20 қадамҳои нав дар бораи эҳёи фаъолияти Иттиҳод гузошта шуданд. Фаъолияти доманадор ва воқеии он ба давраи баъди Шартномаи Маастрихтӣ (1992) рост меояд. Дар давраи баъди «ҷанги сард» Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ ба созмон дорои аҳаммияти рӯзмарра табдил ёфт ва мақоми худро дар равандҳои интегратсионии Аврупо пайдо намуд. Махсусан, дар соҳаи мудофиа фаъолияти ин Иттиҳод аҳаммияти муҳим касб намуда, сиёсати нисбатан комил ва мустақили мудофиавиро пеша кард. Мақоми навини Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ дар Эъломияҳои Маастрихт (1991), Петерсберг (1992) ва Люксембург (1993) ифода ёфтаанд.

Шартномаи Маастрих собит намуд, ки Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ қисми ҷудонопазири Иттиҳоди Аврупо ҳисоб меёбад, ки онро бо охирин имконот дар соҳаи гуманитарӣ, наҷотбахшӣ, сулҳоварӣ ва таъсиси нерӯҳои зарбазан ҳангоми танзими буҳронҳо ва барқарорнамоии сулҳ таъмин месозад. Эъломияҳо низоми ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупои Ғарбиро бо Иттиҳоди Аврупо муайян сохт.

Эъломияи Петерсберг вазифаҳо ва самтҳои фаъолияти Иттиҳоди Аврупои Ғарбиро мушаххасан муайян намуд, ки тамоми солҳои 90 он эътибори асосӣ дошт. Эъломияи Люксембург муносибатҳои Иттиҳодро бо НАТО дар шароити нави инкишофи таърихӣ ташхис намуд ва эъломияи Кирхберг (1994) ислоҳоти созмонро хотима бахшида, низоми нави узвият ба ташкилотро муқаррар кард. Он имконият дод, ки ҳамаи давлатҳои манфиатдор дар раванди фаъолияти ташкилот иштирок намоянд.

Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ 10 узви доимӣ дорад. Давлатҳои дигари аъзои Иттиҳоди Аврупо метавонистанд ба сифати нозир дар кори он ширкат намоянд. Гурӯҳи давлатҳо ба сифати аъзои иртиботдодашуда (Норвегия, Исландия, Туркия – аъзои НАТО), ки муносибати махсус бо Иттиҳоди Аврупо доранд, метавонанд аъзои созмони мазкур бошанд.

Давраи авҷи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ бо Иттиҳоди Аврупо ба солҳои 1996–1997 рост меояд. Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ бо нишондоди Иттиҳоди Аврупо барои ба амал баровардани амалиёти сулҳоварӣ дар ноҳияи Кӯлҳои Бузург (Африқо) қувваҳои мусаллаҳро фиристод. Дар конференсияи Амстердам (1997), ки ба хотири воридоти тағйирот ба ҳайати муассисони Иттиҳоди Аврупо даъват шуда буд, пешниҳод гардид, ки Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ ба сифати такягоҳи чоруми Иттиҳод шинохта шавад. Баъди чанде ин ду ташкилот муносибатҳои байниҳамдигарро куллан тағйир доданд. Иттиҳоди Аврупо сиёсати хоссаи ҳарбиро пеш гирифт. Дар маҷлиси Хелсински (1999) ва шартномаи Нитше (2001) сиёсати ҳарбии Иттиҳоди Аврупо, ки дар заминаҳои захираҳои дохилӣ амалӣ мегардад, ҳамчун доктринаи асосӣ эътибор пайдо намуд.

Мақомоти асосии Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ Шӯро мебошад, ки ба таври доимӣ амал менамояд. Ба Шӯро аъзои он бо навбат роҳбарӣ менамоянд ва роҳбар ҳар 6 моҳ иваз мегардад. Қарорҳо ба таври консенсус қабул мешаванд. Маҷлиси Шӯроро гурӯҳи кории махсус омода менамояд. Ба котибот Котиби генералӣ сарварӣ менамояд. Шӯро дар назди Ассамблеяи Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ масъул аст.

Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ бо Шӯрои Аврупо низ пайваст буд. Намояндагони Шӯрои Аврупо дар ассамблеи Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ ҷой гирифта буданд.

Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ аз «Еврокорпус», дивизияи «Сентр», нерӯҳои зудамал «Еврофор» ва қушунҳои ҳарбию баҳрӣ, корпуси амфибийӣ, корпуси олмонию голландӣ ва ғайраҳо иборат буданд.

Дар моҳи марти 2010 иштирокчиёни созмони мазкур изҳор намуданд, ки Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ то охири соли 2011 фаъолияти худро қатъ менамояд.

  • Брюссельский договор. "МЖ", 1955, № 1;
  • Reaslee A. J. International Governmental Organizations. Constitutional documents.(V. 1, L.), 1956, p. 129–32;
  • Беттхер В. Моастрийский договор. О будущем Европы, М., 1994.