Аҳдномаи Заҳоб
Аҳдномаи Заҳоб (форсӣ: عهدنامه زَهاب), Аҳдномаи Қасри Ширин — аҳдномаи таърихӣ (17.5.1639), ки ба ҷанги севуми байни Эрон ва Империяи Усмонӣ хотима гузошт.
Соли 1635 сипоҳи усмонӣ ба шимолу ғарби Эрон ҳуҷум карда, қисми зиёди мулкҳои байни д-ҳои Даҷла ва Фуротро бо марказаш ш. Бағдод ишғол намуданд. Султон Муроди IV (ҳукмронӣ 1623-40) аз устувор шудани мавқеи низомӣ-сиёсии Туркияи Усмонӣ дар баробари Сафавиён истифода бурда, барои музокироти сулҳ ба дарбори шоҳ Сафи I (ҳукмронӣ 1629-42) сафорат фиристод. Баъди гуфтушунид ҷонибҳо дар назди ш. Қасри Ширин ба аҳдномаи Заҳоб имзо гузоштанд, ки мувофиқи муқаррароти он Арманистону Озарбойҷон ба қаламрави Эрон ва Ироқ ба ҳайати Империяи Усмонӣ дохил шуданд. Ҳамзамон, тибқи аҳдномаи Заҳоб ҷониби Эрон уҳдадор шуд, ки аз таҳқири се халифаи аввали рошидин худдорӣ кунанд. Дар рафти музокироти аҳдномаи Заҳоб бори аввал масъалаҳои марзии байни Эрон ва Туркияи Усмонӣ мавриди баҳс қарор гирифта, ҷонибҳо дар муқаррар кардани хатти марз ба мувофиқа нарасиданд. Аҳдномаи Заҳоб то давраи ҳукумати Нодиршоҳи Афшор (ҳукмронӣ 1736-47) эътибор дошт. Матни парокандаи аҳдномаи Заҳоб дар китобҳои «Аббоснома»-и Муҳаммадзоҳир Ваҳиди Қазвинӣ, «Хулосату-с-сайр»-и Муҳаммад Маъсум ибни Хоҷагии Исфаҳонӣ ва дигарон боқӣ монда, то ҳол нусхаи асли он пайдо нашудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зуҳоб // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.