Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон
Аҳдномаи ризоияти ҷомеъаи Тоҷикистóн — яке аз ҳуҷҷатҳои сиёсие, ки баҳри сулҳ, ваҳдат ва таҳкими истиқлоли Тоҷикистон дар таърихи 9 марти соли 1996 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.
Баимзорасии аҳднома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро Президенти Тоҷикистон, Раисони палатаҳои парламенти кишвар (Маҷлиси Олӣ) ва роҳбарони 32 ҳизби сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятию динӣ, илмию эҷодӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии маданию миллӣ имзо намудаанд. Мақсади Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро бунёди иттиҳоди иҷтимоию сиёсӣ ва миллии тамоми бошандагони Тоҷикистон, ҷомеаи кушода, озод ва гуногунандешӣ ташкил медод. Вазифаҳои асосии Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ба таври зайл муайян гардида буданд: ба даст овардани сулҳ миёни шаҳрвандон, ризояти миллӣ ва ҷамъиятӣ дар ҷомеа; таъмини бартарии ҳуқуқу озодии инсон нисбат ба ҳама арзишҳои дигар; таъмини бартарии Сарқонун ва меъёрҳои ҳуқуқии маъмул. Инчунин дар матни Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон қоидаҳои асосӣ, уҳдадориҳои ширкатдорони он, тартиби амалӣ сохтани шартнома, масъулияти ширкатдорони Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон дар амалӣ гаштани он ва тартиби ба воқеият табдил ёфтани мақсадҳо ва вазифаҳои Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон бо низоми муайян мавриди таҳлил ва таркиб қарор гирифтаанд.
Дар аввал ба Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, асосан роҳбарони ташкилотҳои сиёсӣ ва ҷамъиятие имзо гузоштанд, ки бо ҳукумат дар муқовимат қарор нагирифта буданд ва онҳо аз бисёр ҷиҳатҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳамбастагӣ фаъолият доштанд. Инчунин роҳбарони ташкилотҳои зиёди ғайрисиёсӣ ба Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон имзо гузоштанд. Баъдтар, дар раванди амалисозии ҳадафҳои Созишномаи барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва таъмини минбаъдаи ваҳдати миллӣ иттиҳодияҳои мухолифини ҳукумат низ ба Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон шарик гардиданд. Онҳо кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд, ки ризоят ва ваҳдати ҷомеаи Тоҷикистон таъмин бошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Движение национального единства и возрождения Таджикистана. Д., 1997;
- Изҳорот дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Cадои мардум. 1991;
- Конституция Республики Таджикистан. Д., 2003;
- Общее соглашение об установлении мира и национального согласия в Таджикистане. Д., 1997.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон / Г. Зокиров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.