Аҳмади Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмади Исфаҳонӣ
Навъи фаъолият: хушнавис

Аҳмади Исфаҳонӣ (Аҳмадхон ибни Абдулҳусайнхон ибни Ҳоҷимуҳаммад Ҳусайнхон Садри Исфаҳонӣ; соли таваллуд ва вафот номаълум) — хушнависи эронӣ (асри 19).

Настаълиқро софу ширин ва нозук менавишт, шеър мегуфт, наққошӣ мекард ва дар улуми адабӣ маҳорат дошт. Аз осори ӯ як нусхаи девони Ҳофизи Шерозӣ дар Китобхонаи салтанатии Эрон маҳфуз аст, ки бо амри Носируддиншоҳи Қоҷор соли 1860/61 бо хатти зебо китобат шудааст. Осори дигари вай як нусхаи «Маҷмӯаи мунтахаби ашъори шуарои давраи ғазнавӣ» мебошад, ки дар китобхонаи Сайидмаҳмуд Фаррухи Хуросонӣ нигаҳдорӣ мешавад. Ин асар соли 1856/57 бо фармоиши волӣ Ҳамза Мирзо китобат шудааст ва абётеро аз қасидаҳо ва тағаззулоти шоирони қадими Хуросон дар бар мегирад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • مهدی بيانی. احوال و اثار خوشنويسان. تهران، ۱۳۴۵

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]